Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ”

26.04.2019 09:00, Чин

26 апрели соли 2019 дар Маркази ҳамоиши миллии Чин, воқеъ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин кори Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” оғоз гардид.

Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои 40 кишвари олам, инчунин роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок карданд.

Кори Форумро бо сухани муқаддимавӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ифтитоҳ карда, ҳамаи иштирокчиёни ҳамоиши бузургро ба Чин хайрамақдам гуфт.

Дар оғози кори Форум Дабири кулли СММ ва роҳбарони як қатор кишварҳои олам суханронӣ карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520