Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сие Фучжан

28.04.2019 15:02, Чин

28 апрел дар шаҳри Пекин дар доираи сафари корӣ ва иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалӣ “Як камарбанд, як роҳ” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ташриф оварда, бо роҳбарият ва аъзои он мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти Академия самимона истиқбол гирифтанд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сие Фучжан мулоқот карданд.

Сарвари давлат иброз намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла илму маориф таваҷҷуҳи хос дорад.

Таъкид гардид, ки бояд раванди ҳамкории илмию таҳқиқотӣ, доир намудани конфронсу форумҳои илмию назариявӣ, ҳамчунин омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷику чинӣ,  тақвияти бештар ёбад.

Президенти мамлакат аз нашри китоби пурарзиши “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва рӯнамоии он дар Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ҷиҳати муаррифии боз ҳам бештари давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик қаноатмандӣ намуданд.

Дар охир изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистону Чин минбаъд низ дар тамоми арсаҳо ба нафъи мардумони ҳарду кишвар ва сулҳу шукуфоии минтақа бемайлон густариш меёбанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520