Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод

10.01.2012 09:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба ифтихори 20-солагии муносибатҳои дипломатии ду кишвар барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ

Имрўз равобити ҳасанаи мардуму кишварҳои мо дар марҳилаи басо муҳими таърихӣ қарор гирифтаанд.

Дар иртибот ба  санаи муборак дар таърихи навтарини муносиботи Тоҷикистону Эрон - бистсолагии истиқрори муносибатҳои дипломатї - бо камоли мамнуният Шуморо сидқан табрику таҳният мегўям.

ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷумлаи нахустин кишварҳое мебошад, ки дар оғози бунёди Тоҷикистони навин истиқлолияти давлати ҷавони моро эътироф намуд.

Пас аз соҳибихтиёр гардидани ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои ба ҳам дўсти мо ба муносибатҳои дипломатии хеш ҳусни оғоз бахшида, ба ташаккули шакли сифатан нави равобити байнидавлатӣ шурўъ намуданд.

Роҳи бистсолаи дар ин самт паймуда ҳақиқатеро таъийд менамояд, ки ду кишвар шарикони табии бо муштаракоти фаровони таърихӣ мебошанд ва тамоми имконоту воситаҳои мавҷударо барои рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкории муфиду фарогири ҷанбаҳои гуногуни ҳаёту фаъолият сафарбар кардаанд.

Ҷониби Тоҷикистон аз он ҳам қаноатманд аст, ки солҳои охир дар ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар марҳалаи нави муносибатҳои амалии бунёдӣ оғоз гардидааст. Нишонаи возеҳи равобити муваффақонаи Тоҷикистону Эрон, ки имрўз сатҳи баландро касб кардаанд, суръати тоза пайдо кардани ҳамкориҳои мо дар бахшҳои энержӣ, бунёди инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамлу нақл, кишоварзї ва коркарди маҳсулоти он, тавлиди масолеҳи сохтмонї ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатї мебошад.

Мо таҳкиму густариши бемайлони ҳамкориҳои гуногунарсаи судманди Тоҷикистону Эронро, ки ба заминаи безаволи ҳамзабонї, фарҳанги ягона ва анъанаҳои таърихии дўстию бародарии мардумони ду кишвар такя мекунанд, ҷавобгў ба манфиатҳои олии ҳарду ҷониб маҳсуб медонем ва ба дурнамои онҳо бо назари нек менигарем.

Итминони комил дорам, ки мо бо саъю кўшишҳои якҷоя, дар асоси дастовардҳои бист соли гузашта, метавонем ҳамшарикии судманди кишварҳоямонро минбаъд ҳам идома дода, муносибатҳои воқеан бародаронаи мардумонамонро ба зинаҳои олї бирасонем.

Бо таҷдиди табрикоту шодбошҳо ва бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва пирўзиҳои навин, ба мардуми дўсту бародари Эрон - саодату хушрўзї ва пешрафту шукуфої хоҳонам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520