Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири кишоварзии Федератсияи Россия Дмитрий Патрушев

16.05.2019 09:40, шаҳри Душанбе

16 май дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” Вазири кишоварзии Федератсияи Россия Дмитрий Патрушевро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ба рушди муносибатҳои ҳамкории стратегӣ бо Россия дар тамоми соҳаҳо, бахусус бахши кишоварзӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем ва умедворем, ки он минбаъд низ ба манфиати ҷонибҳо ба таври судманд идома дода мешавад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба ҳамкорӣ дар самти боғдорӣ, ангурпарварӣ, сабзавоткорӣ, афзоиши иқтидори содиротию воридотии кишварҳо, содироти меваю сабзавоти тару тоза ва дигар маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Россия табодули андеша карданд.

Таъкид шуд, ки айни ҳол иқтидори содиротии мева, ангур, сабзавот ва асали Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна дар як сол буда, имконияти ҳар ду ҷониб барои афзун кардани ин нишондод мавҷуд аст.

Дар ҷараёни мулоқот роҳандозии тадбирҳои муштарак, аз ҷумла ташкили корҳои логистикӣ ҷиҳати боло бурдани нишондодҳо ва таъсиси маркази тақсимоти яклухт дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли маводҳои бастабандӣ, сохтмони сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамкорӣ дар бахшҳои тухмипарварӣ, паррандапарварӣ, ташкили хоҷагиҳои моҳипарварӣ, роҳҳои дигари рушди ҳамкории бахши кишоварзӣ номида шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520