Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ

16.05.2019 10:38, шаҳри Душанбе

16 май дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳуддин Раббониро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи масъалаҳои муносиботи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамҷаворӣ муҳокима гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид доштанд, ки мулоқотҳои пайваста имкон медиҳад, то роҳу воситаҳои наву муассири тақвияти ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба муайян гарданд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои амниятӣ ва мубориза бо зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибҳо мавқеъгирии ягонаро нисбат ба таҳдидҳои аслӣ - терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир, амри ниҳоят зарурӣ шумурданд.

Таъкид гардид, ки дар марҳалаи ҳассоси замони муосир, бахусус фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро, аз ҷумла ДОИШ, ҳамкории васеъ ва дастаҷамъонаю  амалии кишварҳо ҷиҳати мубориза бар зидди зуҳуроти харобиовар, нобуд кардани гурӯҳҳои террористиву ҷинояткорони қочоқи маводи нашъаовар, муҳим мебошад

Ҷонибҳо зимни мулоқоти самимӣ масъалаҳои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетика ва зерсохтор, таъмини сатҳи навини ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҳунар, тандурустӣ, иттилоот ва фаъолияти иҷтимоиро баррасӣ карданд.

Бо итминон таъкид гардид, ки Тоҷикистон имкон дорад дар шароити имтиёзӣ барои Афғонистони бародар ҳазорон мутахассиси соҳаи барқ, тандурустӣ, обёрӣ, кишоварзӣ, роҳи оҳан, роҳсозӣ, сохтмон, меъморӣ, технологияҳои гуногун ва кадрҳои илмиро тарбия намояд.

Истифодаи зарфиятҳои зиёд дар соҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои гидротехникӣ, обёрӣ, боғдорӣ, баҳрабардорӣ аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ, роҳҳо, пулҳо, долонҳои транзитӣ ва зербиноҳои дигар имкониятҳои нави рушди иқтисоди Тоҷикистон, Афғонистон ва кишварҳои минтақа номида шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520