Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва тақдими туҳфаҳо ба ятимон дар ноҳияи Нуробод

24.06.2019 14:08, ноҳияи Нуробод

Дар ноҳияи Нуробод бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази нави хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Иншоот дорои коргоҳи коркарди тунука, коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, коркарди чуб, коргоҳи истеҳсоли хиштҳои сементӣ ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ мебошад. Дар ошёнаи якуми марказ фурӯши маводи ғизоӣ ва дар ошёнаи дуюм фуруши либосу пойафзол ба роҳ монда шудааст.

Минбаъд сокинони водии Рашт метавонанд аз ин намуди хизматрасониҳо дар ноҳияи Нуробод дар сатҳи баланд баҳравар шаванд.

Маркази хизматрасонӣ аз тарафи бародарони соҳибкор Маҳмадёровҳо дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз дастгириву таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фаъолияти соҳибкорӣ бунёди иншоотро барои қонеъсозии талабот ба ин намуди хизматрасониҳо муҳим арзёбӣ карданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2017 оғоз гардида, дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бунёди иншооти хизматрасонӣ дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат сурат гирифта, дар доираи амалишавии ҳадафҳо ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ 50 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Масоҳати умумии бино 3462 метри мурабаъро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон дар ҳаминҷо хони идона ороста шуда, аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 50 нафар ятимони кул чун анъанаи неки аҷдодӣ туҳфаҳои идона тақдим карда шуд. Ин тадбири муҳим дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Ваҳдати миллӣ хушҳолии наврасони бо амри тақдир ятимондаро афзун намуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ятимону оилаҳои ниёзмандро дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид намуданд.

Ятимону оилаҳои ниёзманд дар арафаи ҳар як ҷашну маросим ҳавасманд гардонида мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520