Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани Маркази хизматрасонии “Субҳи Рашт” ва супоридани туҳфаҳо ба кӯдакони ятим аз оилаҳои камбизоат

26.06.2019 11:49, ноҳияи Рашт

Дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази хизматрасонии “Субҳи Рашт”-ро, ки аз ошхона, сехи дӯзандагӣ ва кошонаи ҳусн иборат аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.  

Маркази хизматрасонии мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Назрулло Алиев бунёд ёфтааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити марказ, ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки  дар ин ҷо дар баробари имкониятҳои муосири хизматрасонӣ, ҳамчунин барои фаъолияти бонувони ноҳия ва соҳибкасб намудани духтарони маҳаллӣ шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Зеро марказ дорои сехи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ,  ки дар он дастгоҳу таҷҳизоти замонавии дӯзандагӣ васлу насб гардидаанд, буда, имконият дорад, ки занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб ва баъдан соҳиби ҷойи корӣ доимӣ намояд.

Иброз гардид, ки сехи дӯзандагӣ дорои имконияти васеи корӣ буда, минбаъд метавонад муассисаҳои таълимии ноҳияро бо сару либоси ягона ба пуррагӣ таъмин намояд. Ҳамчунин дар ин ҷо рахти хоб ва сару либоси тиббӣ низ истеҳсол карда мешавад.

Дар баробар ин, маркази хизматрасонии мазкур дорои кошонаи ҳусн ва маркази таъмири дастгоҳу таҷҳизоти гуногун буда, ба ин васила аҳолии маҳаллӣ ба чунин хизматрасониҳо дастрасӣ пайдо карданд.

Дар таҳхонаи бинои маркази хизматрасонӣ Чойхонаи миллӣ бунёд ёфтааст, ки имконият дорад якбора ба 120 нафар хизмат расонад. 

Аз он ки минтақаи Рашт аз лиҳози табиӣ яке аз маконҳои зебову нотакрори Тоҷикистони биҳиштосо аст ва сайёҳон ба мавзеъҳои он таваҷҷуҳи зиёд доранд, масъулин дар маркази хизматрасонии мазкур ҳамчунин меҳмонхонаи замонавиро бо 40 ҷойи хоб бунёд кардаанд, ки дар он хизматрасонии сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.

Дар баробар ин, Маркази хизматрасонии “Субҳи Рашт” дорои хобгоҳ бо 60 ҷой буда, аз хизматрасонии он донишҷӯёну омӯзгорон метавонанд истифода намоянд. Ҳамчунин онҳое, ки аз дигар ноҳияҳо дар ин маркази хизматрасонӣ фаъолият менамоянд, соҳиби ҷойи хоб хоҳанд шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид иқдомҳои созандаи соҳибкоронро боиси дастгирӣ хонда, дар ҳамин ҷо ба 70 нафари ниёзманд, ки 20 нафари онҳо ятими кулл мебошанд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд. Дар ин рӯз оилаҳои ниёзманд низ аз туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат баҳраманд гардиданд.

Иштирокчиёни ин маросим барои дастгириву таваҷҷуҳи пайваста нисбат ба пиронсолону барҷомондагон, ятимону нафарони имконияташон маҳдуд ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520