Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдулазиз оли Сауд бо сабаби вафоти Валиаҳд-Муовини раиси Шӯрои вазирон, Вазири корҳои дохилии мамлакат Амир Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд барқияи таъзия ва тасаллият фиристод.