Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани бинои маъмурии бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Балҷувон

06.08.2019 08:07, ноҳияи Балҷувон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон, дар шафати гулгашти марказии ноҳия бинои маъмурии бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувонро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои мазкур дар доираи таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бунёд шуда, он аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Шакл ва намои берунаи бино бо истифода аз усулҳои баланди меъморӣ оро ёфта, ба симои ноҳия зебогии дигар зам менамояд. Бинои бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар масоҳати 513 метри мураббаъ доман паҳн карда, дар он ҳамчунин сохторҳои таркибии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, аз ҷумла: филиали Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" ва бахши Хадамоти муҳоҷирати ноҳия ҷойгир мебошад.

Қобил ба зикр аст, ки дар ошёнаи якуми бино, синфхонаҳои омӯзишӣ барои касбу ихтисосҳои "Таъмири техникаи маишӣ", "Сантехникӣ", омӯзиши корҳои назарявӣ ва амалӣ барои ихтисоси "Қаннодӣ", утоқи қабули шаҳрвандон, намояндагии филиали Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон"-и ноҳияи Темурмалик дар ноҳияи Балҷувон ҷойгир буда, қабати дуюм бошад, аз маҷлисгоҳ, утоқҳои кории бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Балҷувон ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Ҳуҷраҳои корӣ ва синфхонаҳо феълан бо таҷҳизоти замонавӣ пурра муҷаҳҳаз гардида, дар як баст то 30 нафар касбомӯзон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ фаро гирифта мешаванд.

Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, масъулинро барои хизмати софдилонаю содиқона бар нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд. Қобил ба зикр аст, ки дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур далели ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба рушду такоммули соҳаи хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520