Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар тантанаҳои байналмилалии наврўзии шаҳри Теҳрон

27.03.2010 15:00, Эрон

Ҷаноби Олӣ, Маҳмуди Аҳмадинажод,
Раиси мўҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон!
Ҷалолатмаобон, олиҷанобон раисони кишварҳо!
Хонумон ва ҷанобони гиромӣ!
Ҳозирини мўҳтарам!

Барои ман имрўз басо рўзи хушию саодатмандист, ки сарварону роҳбарон ва намояндагони воломақоми кишварҳои дўст дар сарзамини таърихӣ ва афсонавии Эрон – ин хоки муқаддаси фарҳангхезу тамаддунофар – ҷамъ омадаем. Мо дар ин ҷо гирди ҳам омадаем, то бори дигар ин суннати бостонӣ ва ҷашни бузурги миллии худ - Наврўзи оламафрўзро, ки аз қаъри асрҳо то имрўз ба мо расидааст ва ҷузъи ҳуввияти миллӣ ва ифтихори маънавии мардумони мо гаштааст, бо шукўҳи хос, ҳамчун ворисони тамаддуни бузург, таҷлил намоем.

Ман омадаам, то ки аз номи миллати тоҷик – аз бародарону хоҳарони ҳамкешу ҳамфарҳанги Шумо – паём ва табрику таҳниятҳои гармро бирасонам ва ба ҳозирини гиромӣ ва мардуми шарифи Эрон саири кишварҳоро бигўям:

Наврўзи навбаҳорон бар дўстон муборак!

Аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврўз гувоҳи он аст, ки ҳанўз дар замони қадимтарин ниёгони мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид оварда буданд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоию нафосат ва бедорию заҳмат будааст.

Наврўз, баёнгари рўзи тоза, зиндагии навин ва эҳёи табиат баъд аз сардии зимистон мебошад. Наврўз, ба ҷуз ин ки баёнгари рўзи тоза мебошад, ифодаи паёми суруровар аз рўҳи тоза, нафаси гарми табиат, эҳёи эҳсоси ишқу муҳаббат ба зиндагии тоза аст. Он бо нури гарму равшани хуршеди баҳорӣ, насими форам ва фараҳбахши навозишгар, садои найи чўпон ва суруди кишоварз, ханда ва бозиҳои дилангези кўдакони маъсум ба ҳар хона, ба ҳар кўю деҳ ва касабаву шаҳр мавҷ мезанад, болу пар мекашад, зиндагиро гуворотар месозад.

Бунёдгузори адабиёти порсӣ, Одамушшуаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, ки зодгоҳ ва оромгоҳи ў Тоҷикистон буда, вале падари адабиёти ҳамаи форсизабонон аст, Наврўзу баҳори нозанини Хуросонро борҳо хеле нуктасанҷона васф кардааст.

Фирдавсии бузург муҳаббати хешро нисбат ба ин суннати ҷовидонаи миллат ба дараҷае боло бурда буд, ки дар «Шоҳнома»-и безаволи худ аз забони як қаҳрамонаш ба номи Наврўз савганд ёд кардааст.

Наврўз таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, ки гувоҳи аз ҷониби мардумони мо бо камоли эҳтирому эҳтиёт то замони мо расондани ин ҷашни зебои ниёгон аст.

Наврўз дар замони дар ҳайати Иттиҳоди шўравӣ будани Тоҷикистон чанде мамнўъ буд, вале фарзандони ватанпарасту донишманди миллати мо, мисли устодон Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ѓафуров, Мирзои Турсунзода, барои эҳёи он кўшишҳои зиёд карда буданд.

Дар замони истиқлолияти Тоҷикистон, ки миллати тоҷик сарнавишти давлати худро ба дасти худ гирифт, Наврўз дар кишвари мо шукўҳу ҷалоли худро аз нав пайдо кард ва ба ҷашну сурури умумимиллӣ табдил ёфт. Ва дар ин ки Наврўз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ѓайримоддии ҷаҳонӣ ворид карда шуд ва Созмони Милали Муттаҳид онро ҷашни ҷаҳонӣ эътироф кард, саҳми мардум ва давлати мо низ дар он назаррас аст.

Зеро Наврўз дар кишвари Тоҷикистон сартосарӣ ва басо бошукўҳ таҷлил мешавад. Наврўз рамзи ҳуввияти миллӣ ва истиқлолияти давлатии мост.

Мо, дар Тоҷикистон, дар баробари таҷлили ҷашнҳои миллӣ ва динии худ, аз қабили ҷашни Рўзи Истиқлолияти давлатӣ, Рўзи Ваҳдати миллӣ, Рўзи модарон, Рўзи Артиши миллӣ, Иди Рамазон, Иди қурбон ва ѓайра, Наврўзро аз бузургтарин ҷашнҳои зебо ва мероси аҷдоди худ гиромӣ медорем.

Тавре маълум аст, мардуми араб низ Наврўзро то ислом пазируфта буданд. Чунонки Олусӣ дар «Булуѓ-ул-араб» иттилоъ додааст, дар Мадина арабҳо то ислом Наврўз ва Меҳргонро ҷашн мегирифтаанд, ва он дар бархе аз кишварҳои араб то ҳол аз зумраи ҷашнҳои мардумист.

Расму оини наврўзӣ бо покию беҳдошти фардӣ, хонаводагӣ ва ҷомеа низ пайванди сахте дорад. Ин асл аз замони бостони мардумони мо сарчашма гирифтааст, ки пиндору гуфтору рафтори нек тақозои ҳатмии зиндагии эшон будааст.

Аз маълумоти Абўрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» бармеояд, ки Наврўз на танҳо ҷашни оѓози соли хуршедӣ, балки оѓози соли иқтисодию молиётӣ низ будааст.

Усул ва русуми баргузории наврўзӣ дар кишварҳои мамолики шарқ бо баъзе фарқиятҳои андак то ба имрўз побарҷо мондаанд. Ин ҳам яке аз рукнҳои ягона будани шеваи зиндагии мардуми мост, ки дар давраҳои қадим дорои иртибототӣ қавӣ ва равобити густурда буданд.

Имрўз дар Тоҷикистон ва маҳалҳои дигари Осиёи Марказӣ то расидани Наврўз суманак тайёр мекунанд. Суманак, ки аз гандум мерўяд, ҳангоме сабз мешавад, ба назар хеле зебо менамояд. Суманак рамзи баҳор, зиндагии сабзу тоза ва ризқу рўзии фаровон мебошад.

Ҳангоми расидани Наврўз мардуми тоҷик дастурхони ҳафтсин ё ҳафтшин меороянд, ба хонаи ҳамдигар ба либоси тозаву чеҳраи пуртабассум мераванд, соли навро табрик мегўянд, орзуҳои неки осудагию оромӣ ва фаровонию сиҳатмандиро иброз медоранд.

Ва муҳимтар аз ҳама мардум дар айёми Наврўз кинаҳоро аз дилҳо дур месозад, то ҷойи онҳоро шафқату меҳрубонӣ бигиранд, ба ниёзмандону нодорон дасти ёрӣ дароз мекунанд, то фарорасии Соли навро ба шодию хурсандӣ истиқбол намоянд.

Ин ҳамон расму суннати бостонии аҷдоди мост, ки дар аҳди Сосониён низ маъмул будааст. Чунонки донишманди аврупоӣ Артур Кристенсен дар асараш «Эрон дар аҳди Сосониён» овардааст, дар рўзи аввали Наврўз дар он замони дерин низ мардум субҳи зуд бархоста, ба канори наҳру ҷўйборҳо рафта шустушў мекарданд, ба ҳамдигар ҳамчун пайѓоми поки рўшноӣ об мепошиданд, ширинӣ медоданд.

Қабл аз он ки бо ҳам сухане бигўянд, аввалтар аз ҳама шакар мехўрданд ва ё асал мечашиданд, равѓан ба бадан мемолиданд, оташ меафрўхтанд. Дар ин рўз шоҳон сиккаи нав мезаданд, ба мардум инъому тўҳфаҳо мекарданд.

Шукўҳу ҷалоли Наврўз махсусан дар аҳди Сомониён боло рафт ва аз осору ашъори шоирони ин давр низ бармеояд, ки ҷашни Наврўз баёнгари бузургӣ, шукўҳи салтанат ва ифтихори аҷдодии шоҳони Сомонӣ буда, барои мардуми Мовароуннаҳру Хуросон рамзи истиқлолталабиро низ доштааст. Тавре ки аз осори таърих бармеояд, муѓулон сарзамини Хуросону Мовароуннаҳр ва Эронро ваҳшиёна ба хун оѓуштанд ва диёри ободу осудае тақрибан боқӣ намонд.

Яке аз донишмандони эронӣ ба номи Парвизи Азокӣ ин маъниро хуб зикр кардааст: «Эрониён ин идро паноҳгоҳ ва дастовези худ сохтанд ва … изҳори истиқлол қарор доданд».

Қобили зикр аст, ки имрўз дар кишварҳои мо наврўзшиносии илмӣ ба дастовардҳои ҷолиб ноил гаштааст. Донишмандони тоҷик низ дар таҳқиқи таърихи Наврўз ва таҷлили он дар навоҳии мухталифи Тоҷикистон асарҳои муҳим эҷод кардаанд. Дар байни мардуми тоҷик таронаву дубайтӣ, ривоёту қиссаҳои ҷолиб оид ба Наврўз паҳн гаштааст ва қисмати зиёди онро фолклоршиносони тоҷик ҷамъоварӣ кардаанд ва қисме аз он мавод ба табъ расидааст.

Ба назари ман, донишмандони ҳамаи кишварҳои мо дар бораи таърихи Наврўз ва тарзи таҷлили он дар шаҳру навоҳии гуногун таҳқиқоти илмӣ анҷом дода, маводи фолклории мавҷударо ҷамъ оварда, ба таври комил ба табъ бирасонанд, кори басо хайр хоҳад шуд.

Дўстони гиромӣ!

Бори дигар ин асл собит мегардад, ки Наврўз ва ҷашнҳои воқеан миллию инсондўстона баҳаморандаи мардумони мо ва созандаи пулҳои маънавии дўстӣ ва ҳамкорӣ мебошанд.

Наврўз имрўз низ пайвандгари халқҳо ва фарҳангҳост.

Аз даргоҳи Худованди карим дархост мекунам, ки Наврўз, ки ҷашни ҷаҳонӣ шудааст, ҳар соле инсонҳоро ба ҳамдигар наздиктар ва аз сарвати дўстию бародарӣ баҳравар намояд, барои истиқрори сулҳу ваҳдат ва аз байн бурдани низоъҳою бегонагиҳо дар ҷаҳон мусоидат кунад.

Умед дорем, ки Наврўзи имсола бо қадами мубораки худ ба мардумони куҳанбунёд, бофарҳанг ва заҳматдўсти мо дар роҳи иҷрои нақшаҳои ободгариву созандагӣ муждаҳои тоза меорад.

Бори дигар ҳамаи Шуморо сидқан табрик гуфта, сипоси бепоёни худро ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мардуми шарифи Эрон барои пазироии гарму самимона баён мекунам ва ба миллати ин бародар сарбаландию осудагӣ ва хонаободӣ таманно дорам.

Наврўзатон фирўз бод!
Ҳар рўзатон наврўз бод!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520