Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи толори варзишӣ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон

06.08.2019 08:28, ноҳияи Балҷувон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон бо бардоштани парда аз болои лавҳаи рамзӣ, толори кушоду барҳавои варзиширо, ки аз тарафи соҳибкорони ватанпарвари ноҳия сохта шудааст, ба варзишгарону сокинони ин минтақаи дурдаст тақдим намуданд.

Сипас Сарвари давлат бо ворид шудан ба толор аз рафти машқу тамрини варзишгарони риштаи «Дзюдо» -и ноҳия дар шароити мусоид шинос шуданд.

Корҳои бунёдӣ дар ин иншооти варзишӣ моҳи июни соли 2017 оғоз гардида, дар муҳлати беш аз 2 сол бо ҷалби қариб 50 нафар сохтмонончиёни маҳаллӣ мутобиқи талаботи замони имрӯза ба итмом расид. Иншоот аз 2 ошёна иборат буда, дорои толори машқу тамрин бо масоҳати 690 метри мураббаъ, утоқҳои корӣ, ҷойи либосивазкунӣ ва дигар шароити машқу тамрин мебошад. Лоиҳаи бино аз ҷониби ҶДММ «Неъматулло» бо тарҳи нав таҳия гардида аст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки солҳои қаблӣ новобаста аз мавҷуд набудани шароити хуби машқу тамрин варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои гуногун фаъолона ширкат варзида, шарафи Точикистонро дар сатҳи байналмилалӣ боло мебардоштанд. Айни замон шумораи варзишгарони ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон 170 нафарро ташкил медиҳад ва қисме аз онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявию вилоятӣ, ҷумхуриявию байналмилалӣ иштирок варзида, соҳиби медал ва ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.

Дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 3 маротиба аз намудҳои «Дзюдо» ва «дастхобонӣ» ширкат намудани варзишгарони ҷавону навраси ин ноҳияи кӯҳистони мамлакат аз таваҷҷӯҳи бештари сокинони ноҳия ба тарзи ҳаёти солим ва саҳм гузоштан дар рушду равнақи ин соҳа дарак медиҳад.

Баробари мавриди истифода қарор гирифтани нахустин толори варзишии наву замонавӣ дар ноҳияи Балҷувон, 3 нафар устоди варзиш ба кор ҷалб шуданд, ки дар тарбияи варзишгарони бомаҳорату номбардори миллат дар арсаи ҷаҳонӣ саҳм хоҳанд гузошт.

Лозим ба таъкид аст, ки дар даврони соҳибистиклолии мамлакат бо таваҷҷӯҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш, дар ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ба вукуъ пайвастанд, ки намунаи беҳтарини онҳо толори тозабунёди варзишии замонавӣ мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520