Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тантанаҳои идонаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни Наврўзи хуҷастапай

19.03.2010 18:00, ноҳияи Данғара

Тантанаҳои идонаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни Наврўзи хуҷастапай, ки имсол мақоми байналмилалӣ гирифт, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамадов дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон баргузор гардид. ҳамин тариқ қисмати дуюми сафари давлатии меҳмони олимақом - Сарвари давлати Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамадов бо иштироки ў дар тантанаҳои ҷумҳуриявии Наврўз дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон идома ёфт.

Дар даромадгоҳи Данғара сарони ду давлати дўсту бародар – Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамадовро роҳбарият ва аҳли ҷамоаи ноҳия бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу осоиш, ваҳдати матини миллӣ, вусъати рўзафзуни бунёдкорию созандагӣ ва ободонии ватани азиз истиқбол гирифтанд.

Мардуми хушзавқу салиқаи шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Данғара ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз даромадгоҳ то маркази ноҳия ва то ба базмгоҳи бошукўҳи наврўзӣ дар ду канори роҳ маҳсули касбу ҳунари мардумӣ, нўшу неъматҳои моддӣ, ашёи ороишии рўзгор, хўришҳову шириниҳои гуногуни наврўзӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи ҳаррўзаро ба намоиш бароварда буданд, ки аз мулки пурфайзу баракат ва фаровон аз сарватҳои моддию маънавӣ будани ноҳияи Данғара гувоҳӣ медиҳанд.

Сари ҳар қадам дегҳои ҷўшони суманак, ки аз ороишот ва шириниҳои асосии наврўзӣ ба шумор меравад, ба назар мерасид. қобили таъкид аст, ки суманак бо иштироки занони сершумори соҳибҳунару кадбону дар муддати тўлонӣ омода мегардад. Онҳо барои пўхтани ин таоми нотакрори наврўзӣ шаб то рўз сурудхонӣ карда, ба ибораи худ «кафчаю дафча» мезананд, то чунин хўриши лазизу хуштаъм ба дастурхони идона пешкаш гардад.

Маҳсули ҳунари устоҳои чирадасти чўбкор, оҳангарон, заргарон ва хусусан гулдўзону зардўзон аз ороишҳои асосии ин намоишгоҳи бошукўҳи мардумӣ гашт.

Пешкаш намудани рақсу сурудҳои дилошўби мардумӣ низ аз қисматҳои асосии намоишгоҳи бошукўҳ буд.

Дар таҳияи ва пешкаши намоишгоҳ ва шеъру сурудҳои дилангез ҳамчунин намояндагони аҳли санъати миллии туркмензабонони Тоҷикистон низ иштироки фаъол доштанд, ки меҳмони олимақом Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамадов ва ҳайати ҳамроҳи ўро басо хуш омад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамадов дар фазои тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ Маркази фароғатии Хуррамшаҳрро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бояд таъкид намуд, ки ин маркази бошукўҳи фароғатӣ бо истифода аз анъанаҳои меъмории бостонии ниёгон ва ороишоти замонавӣ бунёд ёфтааст.
Дар саҳни ҳавлии Маркази фароғатии Хуррамшаҳр сарони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон – Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамадов ба нишони пойдорӣ ва абадияти дўстию бародарии мардумони тоҷику туркман ва эҳтироми хосса ба иди Наврўзи дилафрўз яктогӣ ниҳолҳои ҳамешасабз шинонданд.

Маркази фароғатии Хуррамшаҳр иборат аз якчанд толорҳои хурду бузург буда, бо усулҳои гуногуни аз ҳамдигар фарқкунанда ороиш ёфтаанд. Гуногунрангии ороишот то ба ҳадде аст, ки ягон гулу ороиши наққошӣ ва ё кандакорӣ такрор намешавад.

Дар ороиши толорҳо аз ҳунари волои устоҳои чирадасти чўбтарош, сангтарош, гачкор, оинабандон, рассомону наққошон ва ғайра ба хубӣ истифода шудааст. Кандакориҳои рўйи чўб, санг ва гач, ки бештараш дар болои оина шинонда шудаанд, ҳар яке аз дигаре дилработаранд.

Дар ороиши Маркази фароғатии Хуррамшаҳр ҳамчунин осори меъмории шаҳрҳои қадимаи мардумони тоҷику форс мавриди истифода ва сайқалу такмил қарор гирифтаанд.

Ин аст, ки аз тамошои нақшу нигори кашида ва кандакориҳои болои чўб, гач ва сангҳои зебои ороишӣ, аз қабили мармару хоро Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамадов як ҷаҳон таассуроти фораму хотирмон бардошт. Тамошои ороишоти Маркази фароғатии Хуррамшаҳр боиси болидахотирии намояндагони сершумори корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон гашт, ки ба тантанаҳои наврўзӣ даъват шуда буданд.

Бояд таъкид намуд, ки ин маркази бузурги фароғатӣ барои гузарондани ҳама гуна тантанаю чорабиниҳои идонаю фарҳангӣ, маросимҳои шодию нишот, қабули меҳмонон ва дўстдорони хўрокҳои лазизи миллӣ ва ороишоти дилфиреб пешбинӣ шудааст.

Дар ду толори калони мунаққаш, ки яке бо нақшу нигор ва кандакориҳои болои чўб ва дуюмаш бо гачкорӣ ороиш ёфтаанд, дар як вақт метавон то 400 нафар меҳмононро қабул кард. ҳам кандакориҳои болои чўб ва ҳам гачкории деворҳо дар болои оина шинонда шудаанд, ки аз унсурҳои фарҳангии меъмории ориёӣ сарчашма мегиранд.

Маркази фароғатии Хуррамшаҳр ҳамчунин 4 толори хурд дорад, ки ҳар яке барои қабули то 25 нафарӣ меҳмон пешбинӣ шуда, ҳамчунин бо нақшу нигори гуногун ороиш ёфтаанд. Яке аз онҳо бо кандакориҳои болои санг оро ёфтааст, ки аз ҳунари волою нозук ва тоқату тавони устоҳои зардасти тоҷик гувоҳӣ медиҳад.

Дар ин толор ҳамчунин нақши чеҳраҳои қаҳрамонони Тоҷикистон дар болои санги мармар кандакорӣ шудаанд, ки ин кор ҳунари басо нозуки олиро талаб мекунад.

Дар долонҳои Маркази фароғатии Хуррамшаҳр 30 кат гузошта шудааст ва дар атрофи бинои асосии марказ 9 сўҳбатгоҳи болопўш ҷойгир гаштаанд, ки ҳама барои қабули меҳмонон пешбинӣ шудаанд.

Хуллас Маркази фароғатии Хуррамшаҳр дар як вақт дар ҳамаи толору долонҳо ва сўҳбатгоҳҳо метавонад то ба 700 нафар хизмат расонад.

Атрофи Маркази фароғатии Хуррамшаҳрро ниҳолҳои зебою нодир, гулу гулгаштҳо ва фаввораҳои рангоранг оро медиҳанд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот маркази ноҳияи Данғара дорои як маркази бошукўҳи фарҳангӣ шуд, ки кас дар он метавонад аз шароити муосири фароғату дилхушӣ бархўрдор гашта, ҳамзамон ба умқи таърихи бостонии меъмории тоҷикони сарфароз фурў равад.

Сипас бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамадов дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғара, ки ба тозагӣ мавриди таҷдиду навсозӣ қарор гирифта, шумораи ҷойҳои нишасташ ба 10 ҳазор расонда шуд, намоиши бошукўҳи театрикунондашуда ва консерти идонаи наврўзӣ баргузор гашт.

Қабл аз оғози намоиш сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамадов суханронӣ намуда, ҳамагонро бо фарорасии иди Наврўз, ки имрўз ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтааст, табрику таҳният гуфтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори меҳмони олимақом - Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамадов дар Маркази фароғатии Хуррамшаҳри ноҳияи Данғара бо риоя аз расму ойини бостонии давлатдории ниёгон ва меҳмоннавозии хосаи тоҷикон зиёфати расмии наврўзӣ орост ва бо ҳамин ин даргоҳи бошукўҳи фарҳанги миллӣ бори нахуст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бо анҷоми тантанаҳои бошукўҳи наврўзӣ дар ноҳияи Данғара ҳамчунин барномаи сафари давлатии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамадов ба Тоҷикистон ба поён расид ва нимаи дуюми рўз меҳмони олимақом аз шаҳри Душанбе ба Ашхобод рафт.

Дар фурўдгоҳи шаҳри Душанбе Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамадовро дар фазои тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гусел намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520