Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ дар ноҳияи Ховалинг

07.08.2019 08:02, ноҳияи Ховалинг

Дар Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре иттилоъ дода шуд, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ бо тарҳу сохти замонавӣ қомат афрохтааст. Лоиҳаи сохтмон аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии "Лоиҳакаш"-и ноҳияи Ховалинг пешниҳод гардида, корҳо ба тариқи ҳашар иҷро гардидаанд.

Бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, бо мизу курсї ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуда, иншооти мазкур дорои имконоти муосири кору фаъолият  мебошад.

Маврид ба зикри хос аст, ки иншооти мазкур аз ду ошёна иборат аст ва шароити хуби кориро  ба кормандони Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ фароҳам меорад. Дар ошёнаи 1-ум утоқҳои корӣ ва дар қабати дуюм маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир карда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз ҳуҷраҳои корӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолияту хизматрасонӣ ба сокинон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити муҳайёгардида дар бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг сокинон ва кормандони ҷамоатро ба муносибати мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот табрику таҳният гуфта, онҳоро барои татбиқи босамари сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои садоқатмандонаи масъулияти базимадоштаашон ҳидоят намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520