Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Маркази ҷавонон дар маркази ноҳияи Ховалинг

07.08.2019 10:12, ноҳияи Ховалинг

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маркази ноҳияи Ховалинг бинои нави Маркази ҷавононро, ки дар масоҳати умумии 1200 метри мураббаъ, ки бо тарҳи хеле зебо сохта шудааст, бо бардоштани парда аз болои лавҳа, ифтитоҳ намуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2018 оғоз гардида, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қудратӣ»-и ноҳияи Данғара бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои мосир ва санъати хоси меъмории миллӣ ба анҷом расонда шудаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, барои мақсаднок истифода намудани иншооти навбунёд ба масъулин дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Бинои мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар қабати якуми он бахши омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ ва англисӣ, технологияи инфарматсионӣ ва маҷлисгоҳ барои 50 ҷойи нишаст мавҷуд мебошад.

Шароити фароҳамгардида дар иншооти нав дар самти ҷалби ҷавонони ноҳия ба забономӯзӣ, аз худ намудани нозукиҳои технологияи муосир ва баргузории чорабиниҳои гуногун мусоидати фаъол хоҳад кард.

Дар ошёнаи дуюми бино бошад, утоқҳои корӣ, нуқтаи хизматрасонӣ, бахшҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва китобхона муҳайё мебошад.

Дар таҳхонаи Маркази ҷавонон ошхона, кошонаи ҳусн, сартарошхона, заргарӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст.

Ифтитоҳи чунин бинои хуштарҳу замонавӣ дар маркази ноҳияи Ховалинг мушкилоти қаблии ҷавононро рафъ намуда, барои фаъолияти пурсамари онҳо замина мегузорад.

Дар Маркази навбунёд имкониятҳои фаррох фароҳам оварда шудааст, ки шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавон мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масъулин даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароити хубу арзанда, ҷавононро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоянд, то ки онҳо дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо намуда, дар таҳкими аркони давлатдорӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва рушду пешрафти Ватани азиз саҳм гузоранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520