Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ дар ноҳияи Ховалинг

07.08.2019 10:13, ноҳияи Ховалинг

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ боздид ба амал оварданд.

Дар намоишгоҳ, гӯшаи имкониятҳои сайёҳии ноҳияи Ховалинг, харитаи хатсайри сайёҳии он бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» муариффӣ гардид.

Инчунин дар намоишгоҳ лоиҳаи Консепсияи рушди сайёҳии ноҳия барои солҳои 2019-2025, аз ҷумла «Эко-туризм дар Ховалинг» таҳия шудааст, ки дар он маълумот оид ба мазеъҳои таърихӣ ва табиати дилангези ин ноҳия ҷой дода шудааст.

Ховалинг, ки маркази сайёҳӣ ва яке аз гӯшаҳои бостонӣ ва зебои табиати Тоҷикистон аст, бойигариҳои табиию таърихӣ ва фарҳангии он дар намоишгоҳи мазкур ба таври васеъ муаррифӣ гардид.

Мавриди тазаккур аст, ки дар ноҳияи Ховалинг касбу ҳунарҳои зиёди мардумӣ, аз қабили заргарӣ, оҳангарӣ, чармгарӣ, дутортарошӣ, табақтарошӣ, қамчинбофӣ, намадбофӣ, сабадбофӣ, рафидадӯзӣ, чакандӯзӣ, зардӯзӣ, ҷӯроббофӣ, қолинбофӣ эҳё ва густариш ёфтааст, ки намунаҳои маҳсули дастранҷи мардуми он дар ҳар як гӯшаи намоишгоҳ, ба тамошо гузошта шуда буд.

Дар ин чорабинӣ ҳамчунин аз ҷониби кадбонуҳои ноҳия даҳҳо навъи нонҳои миллӣ, аз ҷумла чапотӣ, фатир, кулча, қалама, гирдача, орзуқ, чагалдак, таомҳои миллӣ, аз қабили умоч, ширкаду, шакароб, қурутоб, шӯла, ширбиринҷ бо маҳорати нотакрор ва ҳунари волои миллӣ омода ва дар ин намоишгоҳ пешкаш гардид.

Намоишгоҳро дастовардҳои ҳунармандони чирадасти ноҳияи мазкур ҷаззобу диданибоб гардонид, ки ин раванд шаҳодат аз таърихи қадимаи ин гӯшаи зебоманзари диёрро медод.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба маҳсули офаридаҳои ҳунармандон ва маҳорати кадбонугии занону духтарони ноҳияи Ховалинг, рафти омода намудани таомҳои миллӣ ва нонпазӣ, баҳои баланд дода, ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷавондухтарон ба омӯзиши ҳунарҳои хоси миллӣ ва тарғиби онҳо дар миёни ҷомеа ҳидоят намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520