Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Амфетеатр дар ноҳияи Ховалинг

07.08.2019 20:20, ноҳияи Ховалинг

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия Амфитеатр, ки барои ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар масоҳати 4 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Саймумин Юсупов бунёд шудааст.

Амфитеатр бо тарҳи зебову муосир бунёд гардида, барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ имкони мусоидеро фароҳам кардааст.

Дар рафти корҳои сохтмонии иншооти мазкур, ки моҳи марти соли 2019 оғоз гардида буд, 30 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

 Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи ин иншооти фарҳангиро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд ва масъулинро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз шароити дар он муҳайёгардида ва ташкили барномаҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ барои сокинон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Барои ҳунармандон дар ин амфитеатри навбунёд шароити мусоид фароҳам оварда шуда, ҳамчунин ду утоқи корӣ ва ивазнамоии либоси ҳунармандон низ дар он мавҷуд аст.

Атрофи ин иншооти фарҳангию фароғатӣ бо як завқи баланди зебоипарстӣ гулкорӣ карда шудааст.

Иншооти мазкур дар доираи корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, туҳфаи арзандае ба сокинони ноҳияи Ховалинг маҳсуб меёбад.

Имрӯзҳо дар ноҳияи Ховалинг аз ҷониби соҳибкорону шахсони ватандӯст баҳри ободии ин гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди созандагиҳо вусъат дода мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520