Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум

16.03.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Мўҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон!
ҳозирини мўҳтарам!

Бисёр рамзист, ки вохўрии имрўзаи мо бо шумо – вакилони даъвати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар остонаи соли нави аҷдодиамон – иди Наврўз ва рўзҳои даҳсолагии таъсисёбии парламенти касбии мамлакатамон доир мегардад.

Ҳамаи шумо - вакилони навинтихобшудаи Маҷлиси намояндагонро барои шарафёб шуданатон ба ин мақоми баланд, яъне вакили парламенти доимамалкунанда ва касбии кишвар, инчунин ба ифтихори ҷашни бузурги миллиамон - Наврўз, ки чанд рўз пештар бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ба он мақоми байналмилалӣ дода шуд, самимона табрик гуфта, бароятон дар адои рисолати пурмасъулияти намояндагони халқи мамлакат барори кор мехоҳам.

Ҳамчунин Зуҳуров Шукурҷонро ба муносибати интихоб шуданаш ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ўро аз номи худ ва Ҳукумати мамлакат табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ ва барори кор орзўмандам.

Маъракаи интихоботи навбатӣ ба мақоми олии қонунгузор ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки рўзи 28-уми феврал доир гардид, озодона, шаффоф, демократӣ ва мутобиқи меъёрҳои дар Конститутсия ва дигар қонунҳои дахлдори мамлакат муқарраршуда ҷараён гирифт ва муҳимтар аз ҳама, дар шароити орому босубот, рўҳияи баланд ва иштироки фаъолонаи мардуми кишвар баргузор шуд.

Дар фазои орому осоишта ва бо риояи назму тартибот баргузор шудани интихоботро ман, пеш аз ҳама, натиҷаи хирад ва нишонаи заковати азалии халқи Тоҷикистон мешуморам. Аз ин лиҳоз, вазифаи худ медонам, ки ба ҳамаи интихобкунандагон ва тамоми мардуми шарифи кишвар изҳори сипос ва миннатдорӣ намоям. Зеро мову шумо тавонистем бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон диҳем, ки давлати соҳибистиқлол ва мардуми бонангу номуси Тоҷикистон ҳама гуна чорабиниҳои сиёсӣ, аз ҷумла маъракаи интихоботро дар фазои ваҳдати миллӣ баргузор намуда, фарзандони беҳтарини худро ба мақоми олии қонунгузор интихоб мекунад.

Чунин муносибати мардум дар навбати худ шумо – вакилони навинтихобшударо вазифадор мекунад, ки манфиати халқро тавассути таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгўи талаботи замона ифода намоед ва амалӣ гардонед. Дар интихоботи имсола 8 ҳизби сиёсӣ ширкат варзида, номзадҳои худро ҳам аз тариқи ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва ҳам ҳавзаҳои якмандатӣ пешбарӣ карданд. Вакилони интихобшуда ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва гурўҳҳои иҷтимоиро намояндагӣ мекунанд.

Яъне ҳайати касбии вакилон хеле васеъ буда, дар байни онҳо олимону ҳуқуқшиносон, иқтисодшиносону муҳандисон, омўзгорону табибон, мутахассисони соҳаҳои истеҳсолӣ ва намояндагони соҳаи хизматрасонӣ ҳастанд. ҳамчунин дар сафи вакилони навинтихобшуда 13 нафар занон ва ҷавонони фаъоли мамлакат низ ба мандати намояндаи халқ соҳиб шудаанд.

Вобаста ба масъалаи интихоботи гузашта мехоҳам як нуктаи муҳимро махсус таъкид созам, ки ба шарофати ин чорабинии муҳими сиёсӣ мо ба сўи ҷомеаи демократӣ боз як қадами устувор гузоштем. Тавре ки борҳо таъкид карда будам, мо ҳанўз дар оғози роҳи дуру дарози бунёди давлати демократӣ ва ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дорем.

Яъне чунин маъракаҳои сиёсӣ барои мо мактаби бузурги омўзиши маърифати шаҳрвандӣ ва таҷрибаи демократия мебошанд. Чунки дар ҷараёни ин гуна чорабиниҳо халқи Тоҷикистон хуб дарк менамояд, ки соҳиби тақдири худаш аст ва сарнавишташро худаш месозад.

Воқеан, фазои комилан озод ва таъмини шаффофияти пурраи интихобот ҳатто дар кишварҳои мутамаддин ва пешрафтаи ҷаҳон низ бо хеле душвориҳо муяссар мегардад.

Вале мову шумо дар зарфи як даҳсола, яъне баъди таъсиси парламенти дупалатагӣ то имрўз тавонистем таҷрибаи кофӣ ҳосил карда, азму иродаи мардум ва ҳуқуқҳои фитрии инсонро дахлнопазиру муқаддас эълон намоем ва арзишҳои давлатдории миллии худро бо арзишҳои аз ҷониби умум пазируфташудаи башарӣ ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ҳамоҳанг созем ва дар ин самт хеле корҳои судмандро анҷом диҳем.

Ҳамаи ин дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти ҷомеаи мо худ нишондиҳандаи марҳалаи нави рушди давлатдории ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, эътирофу эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ, ниҳоят ташаккули муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва таҳкими рўзафзуни пояҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошанд.

Ҳамзамон бо ин, хотирнишон месозам, ки барои ташаккули ҳамаи унсурҳои давлати ҳуқуқбунёди миллӣ ва демократӣ дар баробари тай кардани як давраи тўлонии таърихӣ боз сатҳи зарурии пешрафти иқтисодӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, таъмини амният ва сулҳу субот дар ҷомеа, ҳамчунин вазъи мусоиди минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур аст.

Вакилони арҷманд!

Имрўз мову шумо дар марҳалае қарор дорем, ки бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони мо низ бо оқибатҳои бўҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ рўбарў мебошанд. Илова бар ин, даҳсолаҳои охир қариб дар ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон проблемаи истифодаи захираҳои энергетикӣ ва манбаъҳои сўзишворӣ ба яке аз мушкилоти тезутунд ва ҳалталаби давлатҳои хурду бузург табдил ёфтааст.

Дар чунин шароит, бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки ҳадафҳои бунёдии давлати мо, қабл аз ҳама, таъмини амнияти миллӣ, таҳкими суботи сиёсиву иқтисодӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисоди миллӣ ва амалӣ намудани се ҳадафи стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар дар солҳои наздиктарин низ бетағйир мемонанд.

Татбиқи пайгиронаи ин ҳадафҳо аз шумо - вакилони халқ тақозо мекунад, ки самтҳои афзалиятноки кор ва вазифаҳои мушаххасу муҳим ва ояндасози худро муайян карда, фаъолияти хешро ба татбиқи ҳарчи зудтари ҳадафҳои стратегии давлатӣ ва ормонҳои умумимиллӣ равона намоед, ташаббусҳои қонунгузории худро ба манфиати таҳкими минбаъдаи иқтидори давлат ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум равона созед.

Бояд таъкид кард, ки вакили мардумӣ будан кори хеле пуршараф буда, дар айни замон масъулияти баландро дар назди давлат ва ҷомеа тақозо менамояд. Фаъолияти пурсамари парламенти кишвар бештар аз рафтору кирдори намунавии ҳар як вакил зич вобастагӣ дорад. Вақти он расидааст, ки тибқи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон вакилоне, ки бо соҳибкорӣ машғуланд, дар давраи вакилиашон пешбурди фаъолияти соҳибкории худро ба шахсони дигар супоранд ва тамоми кўшиши худро барои таҳия намудани қонунҳои сифатан нав ва ҷавобгўи ормонҳои халқ равона созанд. Ташаккули давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистон ва ҳадафҳои наҷиби ояндасозӣ пеш аз ҳама ба сатҳу сифати баланди қонунҳои қабулшуда, масъулиятшиносии вакилони парламенти кишвар, ҷоннок намудани ташаббусҳои қонунгузорӣ, сатҳи салоҳиятнокӣ ва фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ вобаста аст.

Волоияти қонун ва густариш ёфтану бечунучаро иҷро шудани он дар давлати ҳуқуқбунёд аз он вобаста аст, ки то чӣ андоза қонун ҷавобгўи манфиатҳои воқеии шаҳрвандон ва тақозои ҷомеа буда, дар пешрафти ҳадафҳои давлатдорӣ ва болоравии сатҳу сифати ҳаёт хизмат мекунад.

Аз ин рў, мақоми олии қонунгузории кишвар дар ояндаи наздик бояд ба сифати қонунҳо, ҷанбаи ҳуқуқӣ ва аҳамияти ҳаётии онҳо эътибори ҷиддӣ диҳад. Набояд фаромўш кард, ки моҳияти ҳуқуқбунёдии давлати Тоҷикистон маҳз аз сифати баланд ва заминаҳои ҳаётии қонунҳои қабулкардаи вакилони арҷманд вобаста мебошад.

Боиси хушҳолист, ки дар интихоботи навбатӣ ба ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон аъзои панҷ ҳизби сиёсӣ, ҳамчунин нўҳ нафар шахсони ғайриҳизбӣ интихоб шуданд.

Дар айни ҳол бояд зикр кард, ки ҳадафи асосии вакилон, сарфи назар аз мансубияти ҳизбии онҳо ё ғайриҳизбӣ буданашон, бояд бо ҳадафҳои созандагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мувофиқ ва созгор бошад ва танҳо дар доираи Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда ҷараён гирад.

Дигар ин, ки дар таъмини волоияти Конститутсия ва дигар қонунҳо, пеш аз ҳама бояд вакилони интихобкардаи халқ бо амалу рафтори худ намуна бошанд.

ҳукумати Тоҷикистон дар навбати худ омода аст, ки бо вакилони интихобкардаи халқ ҳамкориҳои судманд ва солимро ба роҳ монад. Зеро вакилони халқ доираи васеи интихобкунандагонро муттаҳид мекунанд ва фикру мулоҳизаҳои онҳоро бевосита ба инобат мегиранд.

Дар ин раванд фаромўш набояд кард, ки дар давлати демократӣ ва ҷомеаи озоди ҳуқуқбунёд ҳар шахс - аз интихобкунандаи қаторӣ то аъзову вакилони парламент ва Сарвари давлат дар баробари ҳуқуқу озодиҳои кафолатдодаи Конститутсия ҳамчунин дар назди давлат ва ҷомеа масъулияти шаҳрвандиро низ бар дўш доранд.

Дар ҷомеае, ки ваҳдату якдигарфаҳмӣ, сулҳу оромӣ, назму субот мустаҳкам нест ва қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ риоя карда намешавад ва ба ивази он, тафриқаву хусумат, бадбинии иҷтимоиву мазҳабӣ, фитнаву бесарусомонӣ боло мегирад, хоҳу нохоҳ ҳама гуна озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон поймол карда мешаванд, ки мову шумо ин сабақи талхро баъди бесарусомониҳо ва ҷанги шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта хуб азхуд кардем ва онро ҳеҷ гоҳ фаромўш намекунем.

Баръакс, маҳз дар натиҷаи риояи Конститутсия, волоияти қонун ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ иқтидори давлат меафзояд, таъмини амнияти ҷомеа ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои конститутсионӣ аз ҷониби ҳар як шаҳрванд, шахсони мансабдор, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ имконпазир мегардад.

ҳозирини мўҳтарам!

Дар шароите, ки ҷаҳони имрўза ба сўи тамаддуни фарогири иттилоотӣ, таҳаввулоти бесобиқаи илму техника ва рақобатҳои шадиди иқтисодӣ босуръат пеш меравад, низоми ҳуқуқии мо низ бояд замонавӣ, мутобиқ ба пешрафти ҳаёти ҷомеа ва ҷавобгўи муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии ҷаҳони мутамаддин бошад.

Аз ин рў, сиёсати қонунгузорӣ баробари ҳимояи манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ бояд ба талаботу меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва танзими ҳуқуқии муносибатҳои нави иқтисодӣ, махсусан фаъолияти бозаргонӣ ва соҳибкорӣ мутобиқ гардад. Гузашта аз ин, дар сиёсати қонунгузорӣ ба инобат гирифтани мутобиқат ва ҳамоҳангии қонунҳо, аз байн бурдани мухолифати асноди меъёрии ҳуқуқӣ ва дар маҷмўъ таъмин кардани фазои муштараку ягонаи қонунгузорӣ зарур аст.

Яке аз вазифаҳои муҳими парламенти Тоҷикистон ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳои нав ба эътибор гирифтани сифату самаранокии онҳо дар шароити ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа, таҳлилу пешгўӣ, мутобиқат ва амалӣ гардидани қонунҳо дар шароити Тоҷикистон мебошад.

Дурнамои инкишофи қонунгузории миллӣ ва ҳамоҳангиву мутобиқати он бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ инчунин тақозо менамояд, ки парламенти кунунии Тоҷикистон бояд фаъолияти худро дар такмилу самаранокии асосҳои ҳуқуқии сиёсати иҷтимоӣ, алалхусус соҳаи нафақа, музди меҳнат, маорифу тандурустӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва монанди инҳо вусъат диҳад. Дар шароити муосир такмили қонунгузорӣ ва стратегияи ба сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ ва ҷавобгўи сиёсати муҳоҷирати меҳнатӣ зарур аст, то ки мо дар бозорҳои байналмилалии меҳнат ҳуқуқҳои иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии худро ҳимоя карда тавонем.

ҳаёт нишон медиҳад, ки сиёсати муҳоҷирати меҳнатӣ ба яке аз рукнҳои муҳими сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии мо табдил ёфта, бо танзиму такмили фазои ҳуқуқии он метавонад сатҳи камбизоатӣ ва бекориро хеле коҳиш бахшад. Бовар дорам, ки дар амалӣ намудани ҳадафу ормонҳои давлатдории миллӣ ва демократии Тоҷикистон ва пойдор гаштани арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандиву ҳуқуқбунёд ҳар кадоми шумо - вакилони арҷманд саҳми арзанда мегузоред.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳайати раёсати даъвати гузашта ва шахсан ба Сайдулло Хайруллоев, ки ду даъват, яъне даҳ сол масъулияти роҳбарии Маҷлиси намояндагонро ба дўш доштанд, инчунин ба вакилоне, ки дар панҷ соли фаъолияти худ доир ба танзими соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеаи мо садҳо қонун таҳия ва қабул намуданд ва дар ин роҳ хеле заҳмат кашида, умеди интихобкунандагони хешро ба ҳақиқат табдил доданд, аз номи худ ва ҳукумати Тоҷикистон изҳори сипосу қадрдонӣ намуда, ба онҳо саломатӣ ва дар корҳои минбаъдаашон барору комёбӣ мехоҳам.

Бо дарназардошти хизматҳои тўлонии Сайдулло Хайруллоевич ва бо истифода аз ваколати конститутсионии худ ман тасмим гирифтам, ки аз ҳисоби квотаи Президент ўро ба ҳайси узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ таъин намоям.

Дар охир ба ҳамаи шумо - вакилони мўҳтарами Маҷлиси намояндагон саломатӣ ва комёбиҳо орзу менамоям ва бовар дорам, ки шумо дар сафи пеши интихобкунандагони худ ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон дар кори хайри созандагиву ободонии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ, фазои сулҳу оромӣ ва болоравии нуфузи байналмилалии давлати соҳибистиқлоламон донишу таҷриба ва қобилияту маҳорати хешро дареғ намедоред.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба ин мақоми баланди масъулиятноку пурифтихор - вакили Маҷлиси намояндагон самимона табрику таҳният гуфта, изҳор медорам, ки ман, ҳамчун Президенти мамлакат дар симои ҳар кадоми шумо ҳамсафу ҳамкори имрўзаву ояндаи ҳукумати кишварро мебинам ва ҳамеша ба нерўву таҷрибаи вакилони арзандаи халқ такя мекунам.

Ҳамеша хонаободу сарбаланд бошед!
Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520