Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 4–ум

16.03.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 4 – ум иштирок ва суханронӣ намуд.

Кори иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати нави вакилони халқ, ки рўзи 28 феврали соли равон интихоб шуда буданд, аз ҷониби вакили аз ҳама калонсол, Раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон Амир Қароқулов кушода эълон гардид.

Дар оғози иҷлосия нахуст Комиссияи муваққатии баҳисобгuрии овозҳо оид ба интихоби мақомоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи муваққатии ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.

Сипас тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакил Шермуҳаммади Шоҳиён номзадии вакил аз ҳавзаи интихоботии № 12 – Рашт Шукурҷон Зуҳуров, ки аз замони ҳокимияти шўравӣ ва тамоми солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар вазифаҳои пурмасъулияти давлатӣ ва ҳукумати кишвар софдилона ва содиқона адои хизмат намудааст, пешниҳод карда шуд. Хизматҳои арзандаи Шукурҷон Зуҳуров дар корҳои муҳимми давлатӣ, аз ҷумла дар раванди барқарорсозии сулҳу суботи Тоҷикистон, ба ватан баргардондани гурезагон ва кордонию хоксории ў ҳамчунин аз ҷониби вакилони халқ Акрамшо Фелалиев, Саиди Ёқубзод ва Галия Рабиева таъкид гардид.

Шукурҷон Зуҳуров тариқи овоздиҳии пинҳонӣ бо 100% овозҳои вакилон ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.

Сипас бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини якум ва муовинони раиси Маҷлиси намояндагон тавассути воситаҳои овоздиҳии электронӣ интихоб карда шуданд. Ба вазифаи Муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ва муовинҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – вакил аз ҳавзаи интихоботии № 14 - Бобоҷон Ғафуров Назира Ғаффорова ва вакил аз ҳавзаи интихоботии № 41 – Хорўғ Мерганд Шабозов интихоб гардиданд.

Баъд аз ин бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва овоздиҳии вакилон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 кумита ва 2 комиссия таъсис ёфт ва раисони ин сохторҳо интихоб карда шуданд.

Ҳамин тариқ вакил аз ҳавзаи интихоботии № 1 – Фирдавсӣ Маҳмадалӣ Ватанов – Раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 4 – Сино Шермуҳаммад Шоҳиён – Раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 38 – Муъминобод Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович – Раиси Кумитаи иқтисод ва молия, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Саиди Ёқубзод – Раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ ва экология, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 22 – Айнӣ Олим Салимзода - Раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 2 Исмоили Сомонӣ Марҳабо Ҷабборова - Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ - Раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 3 – Шоҳмансур Сафаралӣ Раҷабов - Раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии №20 – Исфара Амир Катаев - Раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 17 – Ашт Азизмат Имомов - Раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор ва вакил аз ҳавзаи интихоботии № 9 – Рўдакӣ Давлаталӣ Давлатзода - Раиси Комиссияи одоби вакилон интихоб карда шуданд.

Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якум ва муовинони раис ва раисони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Сипас дар ҳузури вакилон ва роҳбарияти нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд ва нахуст ҳамаи онҳоро бо мушарраф шуданашон ба мақоми олии вакилони мардумӣ табрику таҳният гуфта, мақомоти олии қонунбарори кишварро ба ҳамкории босамар ва содиқонаю софдилона бо мақомоти дигари ҳокимияти давлатӣ ба манфиати давлату миллат ҳидоят намуд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба вакилони қаблии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамарашон арзи сипос намуда, иттилоъ дод, ки Раиси собиқи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев аз ҳисоби квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520