Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори генералии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки осиёии рушд Хуан Миранда

15.03.2010 18:30, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки осиёии рушд Хуан Мирандаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Бонки осиёии рушд баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Бонки осиёии рушдро «яке аз калонтарин донорҳои Тоҷикистон» номид. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи солҳои гузаштаи ҳамкорӣ Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон ба маблағи 372 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, бо 162 миллион грант ва ба 34 миллион доллари амрикоӣ кўмаки техникӣ ҷудо намудааст.

Гуфтугўйи судманд оид ба татбиқи тадбирҳои зиддибўҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаҳои энергетикӣ ва нақлиётию коммуникатсионии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказию Ҷанубӣ сурат гирифт.

Хуан Миранда ба тадбирҳои зиддибўҳронии Ҳукумати Тоҷикистон баҳои баланд дода, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва бахши иқтисодии ҳукумати мамлакатро «бо татбиқи муваффақона ва босамари ин тадбирҳо» табрику таҳният гуфт. Ба гуфти Хуан Миранда соли равонро Тоҷикистон бо натиҷаҳои намоёни пешрафт ҷамъбаст хоҳад намуд. Иттилоъ дода шуд, ки барои татбиқи минбаъдаи тадбирҳои зиддибўҳронии Ҳукумати Тоҷикистон Бонки осиёии рушд зиёда аз 100 миллион доллари амрикоӣ ҷудо мекунад ва имкон дорад, ки ин маблағ боз ҳам зиёдтар шавад.

Хуан Миранда изҳор дошт, ки «Бонки осиёии рушд сиёсати энергетикии Тоҷикистон ва дар он мақоми марказӣ доштани сохтмони нерўгоҳи Роғунро маъқул дониста, минбаъд дастгирии лоиҳаҳои ин соҳаро аз афзалиятҳои асосии ҳамкории худ бо Тоҷикистон қарор медиҳад» ва афзуд, ки «мо ҳамчунин даъвати Тоҷикистонро оид ба гузарондани асоснокии иқтисодӣ – техникӣ ва иҷтимоӣ – экологии сохтмони нерўгоҳи Роғун дар сатҳи баланди байналмилалӣ маъқул мешуморем ва омода астем, ки дар ин кор ҳамаҷониба мусоидат кунем».

Ба иттилои Хуан Миранда, Бонки осиёии рушд дар таҳияи асоснокии иқтисодӣ – техникии лоиҳаи сохтмони як қатор нерўгоҳҳои дигари Тоҷикистон, хатҳои интиқоли нерўи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва роҳи оҳани миёни Тоҷикистону Афғонистон бо пайвастшавӣ ба роҳҳои оҳани Туркманистону Эрон хеле пеш рафтааст. Ба гуфти ў, татбиқи марҳилаи якуми сохтмони хатти интиқоли барқи 500 киловолтаи КАСА – 1000, ки бояд шабакаҳои барқии Тоҷикистону Қирғизистонро бо Афғонистону Покистон пайванд намояд, аз Тоҷикистон то мавзеи Пули Хумрии Афғонистон аллакай оғоз ёфтааст ва асосноккунии иқтисодӣ – техникии марҳилаҳои дигари он идома дорад. ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки сохтмони роҳи оҳани минтақавӣ низ дар қитъаи ҳайратон – Мазори Шариф оғоз ёфтааст ва то тобистони соли равон асосноккунии иқтисодӣ – техникии роҳи оҳани Тоҷикистон – ҳирот низ омода хоҳад шуд.

Ба гуфти Хуан Миранда, «Бонки осиёии рушд орзу дорад, ки миёни Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он як шабакаи мултимодалии энергетикӣ ва роҳҳои оҳану мошингардро бунёд намояд» ва таъкид дошт, ки «Тоҷикистон бо имконоти энергетикӣ ва ҷуғрофии худ дар татбиқи ин ҳадаф мақоми басо муҳим дорад».

Бо таъкид бар ин афзалиятҳо Хуан Миранда ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои тадбирҳои пурарзиши дорои аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳду талошҳои ҳамешагӣ арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки «мову шумо хушбахтем, ки дар татбиқи ин лоиҳаҳо иштирок мекунем ва ба мардуми азияткашидаи Афғонистон кўмакрасон мешавем».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520