Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои филиали “Амонатбонк” дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

20.08.2019 09:01, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

20-уми августи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави филиали рақами 41-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”-ро дар ин ноҳия мавриди истифода қарор доданд.

Бинои филали Бонки давлатии амонатгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, беҳтарин шароит барои пешбурди корҳои бонкдориро доро мебошад.

Бинои навбунёд аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, 7 утоқи корӣ дорад ва ҳамаи утоқҳои корӣ бо мизу курсии нав ва технологияи муосир таъмин карда шудааст.

Фармоишгари корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” буда, пудрачии асосӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ситоиш” ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Созанда-2012” мебошад.

Хотиррасон бояд шуд, ки барои анҷоми амалиётҳои бонкӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мушкилоти зиёд мавҷуд буд ва бо ифтитоҳи филиали ин бонки давлатӣ дар ноҳия мушкилоти мизоҷони бонкҳо то андозае бартараф карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар вилоят ва ноҳия барои беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ дар ноҳия ва ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи бонкдорӣ ба кор дастуру супоришҳои мушахас доданд ва аз кормандони соҳа талаб намуданд, ки ҳамеша бо мизоҷон муомилаю муоширати хуб дошта бошанд.

Дар филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар маркази ноҳия-шаҳраки Меҳрон аз ҳисоби аҳолии маҳалӣ 12 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шудааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520