Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

20.08.2019 09:06, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамзамон бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки  бинои нави шуъбаи  Кумитаи давлати амнияти миллӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ  ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Дирексияи иншооти хукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, пудрачии асосии иншоот  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  “Шаҳриёр-93” мебошад.

Корҳои сохтмонӣ  дар иншоот соли 2018 оғоз гардида, дар  муддати кӯтоҳ бо сифати баланд ва тарҳи  муосир бунёд карда шудааст ва  дар  корҳои сохтмонӣ  бинои нав  30 нафар сокинони маҳалӣ бо кор таъмин гардида буданд.

Бинои навбунёди шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз 3 ошёна иборат аст. Ҳамчунин барои таъмин намудани кормандони ин ниҳод бо манзил дар бино хобгоҳ бунёд карда шудааст. Саҳни бино пурра ҷароғон ва  роҳравҳои  гирду атрофи  он пурра  сафолакпӯш карда шудаанд.  

Сарвари давлат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  шиносоӣ аз утоқҳои корӣ ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд  дода, онҳоро барои  хизмати софдилона ба нафъи давлату  миллат  ҳидоят намуданд.

Ҳамин тавр метавон гуфт, ки баъди сохта ба истифода додани бинои нави Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои кормандон  шароити мусоиди корӣ  ва истиқомат фароҳам оварда шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520