Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

20.08.2019 09:09, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

20 августи соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд.

Майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия - шаҳраки Меҳрон бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки роҳбарону фаъолони ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд.

Парчами давлатӣ бо баландии 36 метр дар арафаи таҷлили сазовори 28-умин cолгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст. Паҳноии матои Парчам 5 ва дарозиаш 10 метрро ташкил намуда, атрофи он дар масоҳати 3 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ дар паҳлуи Парчам пояи Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд. Баландии пояи Нишони давлатӣ 18 метрро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмонӣ дар майдони Парчам ва Нишони далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Деспе Газ” бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шуд.

Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ масоҳати 6 ҳазор метри мураббаъро дар бар гирифта, атрофи онро беш аз 200 арча, гулҳои гуногун ва сабзазор зеб медиҳад.

Дар рафти сохтмон бо дарназардошти сайругашти сокинону меҳмонон 20 нишастгоҳ ва чароғҳои равшандиҳанда насб шудааст.

Мавриди истифода қарор гирифтани майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ноҳияи дурдасти мамлакат боиси руҳбаландӣ ва ифтихору садоқати сокинон ба Ватан - Модар гардидааст ва акнун онҳо метавонанд дар майдони назди он чорабиниҳои гуногуни фарҳангиро баргузор намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар давоми беш аз 20 сол бо азму талошҳои бунёдкорона ва таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як деҳа ба ноҳияи муосиру пешрафта табдил дода шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520