Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маркази саломатӣ дар деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич

21.08.2019 09:27, ноҳияи Деваштич

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи омодагиҳои ҳамаҷониба ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ноҳияи Деваштич дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки сокинони деҳаҳои Яхтан, Бахт, Хӯҷатоҳир ва кормандони соҳаи тандурустӣ, Маркази саломатии деҳоти Яхтанро мавриди истифода қарор доданд.

Маркази саломатии навбунёд аз ҳуҷраҳои хизмати тибби оилавӣ бо фарогирии ташхису табобати бемории калонсолон, занон, кӯдакон, хизмати момодоягӣ, солимии модару кӯдак, табобати дандон, эмкунӣ ва кӯмаки фаврии тиббӣ иборат аст.

 Дар маркази саломатӣ ҳуҷраи хатна бо фароҳам овардани шароитҳо ва таъмини таҷҳизоти теғи барқӣ ташкил карда шудааст.

Мардум хуб дарк кардаанд, ки дар синни навзодӣ хатна барои солимии кӯдак аз ҷиҳати равонию ҷисмонӣ ва пешгирӣ аз бемориҳо зарур аст. Ҷорӣ намудани хатна ба таври ройгон танҳо дар муассисаҳои тиббӣ аз имкониятҳои васеъ барои аҳолист.

Дар баробари бинои нави замонавӣ ва шароитҳои корӣ таъмини дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои баланд бардоштани хизмати тиббӣ дар деҳот мусоидат менамояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити кор дар Маркази саломатӣ табибонро ҳидоят намуданд, ки баҳри таъмини солимии аҳолии деҳот сатҳи хизматрасониро баланд бардоранд.

Дар маркази саломатии тозабунёд маҷмӯӣ мизи ҷарроҳӣ бо лавозимоти ҷарроҳӣ, дастгоҳи сабти барқии дил, маҷмӯи дастгоҳи стомотологӣ, автоклав барои таъмизкунии лавозимоти тиббӣ, барои озмоишгоҳ таҷҳизоти гемостометр, ҷевони хушки безараргардонӣ ва дигари лавозимоти тиббии муосир таъмин карда шудааст.

Дар маркази саломатӣ дегхона бо шабакаи гармидиҳии мустақил, ҳавзи об ва зарфи захираи об, иншооти хоҷагидорӣ, анбор, мошинсаро ва нуқтаи санитарии-гигиенӣ сохта шудааст, ки аз инфрасохтори зарурию табобатии муассисаҳои тиббӣ дар шароити деҳот буда, сатҳи меъёрии имкониятҳоро фароҳам овардааст.

Ин муассисаи тиббии замонавӣ баҳри ба меъёрҳо мутобиқ намудани хизматрасонии тиббӣ дар деҳот, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва солимии аҳолии деҳот бунёд шудааст. Яке аз ҳадафҳои эълони Солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба вуҷуд овардани инфрасохтор ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла саломатии аҳолӣ дар деҳот мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки қаблан дар деҳа бунгоҳи саломатӣ амал мекард, бо афзоиши аҳолӣ ва бо мақсади ба дараҷаи сифатан нав бардоштани хизмати тиббӣ маркази саломатии деҳоти Яхтан бунёд гардид, ки акнун барои аҳолии деҳаҳои Яхтан, Хуҷатоҳир ва Бахти ҷамоати деҳоти Яхтан хизмати тиббӣ мерасонад.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520