Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Маркази адлия дар ноҳияи Деваштич

21.08.2019 09:33, ноҳияи Деваштич

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Деваштич, шаҳраки Ғончӣ бинои нави Маркази Адлияро бо идораи нотариалии давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои мазкур дар масоҳати 650 метри мураббаъ сохта шуда, аз ду ошёна бо таҳхона иборат мебошад ва дорои 6 ҳуҷраи корӣ барои фаъолияти кормандони Идораи нотариалии давлатӣ, кормандони Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, толори зебою муҷҷаҳҳази ақди никоҳи навхонадорон, толори машваратии ройгони ҳуқуқӣ мебошад ва масоҳати таҳхона барои нигоҳдории санаду ҳуҷҷатҳои бойгонӣ истифода мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз иншооти навбунёд ва шароитҳои фароҳамомада ба масъулину кормандон баҳри хизматрасонии хубу босифат ба аҳолӣ дар иҷрои ҳуҷҷатгузории нотариалӣ, қайди асноди ҳолати шаҳрвандӣ, баргузории ақди никоҳи навхонадорон, додани машваратҳои ҳуқуқӣ ва таҳкими оиладорӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои ақди никоҳ ва машваратӣ бо мебелу лавозимоти замонавии корӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ин имконият медиҳад, ки маҳсулнокии кору хизматрасониҳо ба аҳолӣ дар маркази нави адлия дар ноҳияи Деваштич дар сатҳи баланд анҷом дода шавад.

Намои берунии бинои Маркази адлия ба таври замонавӣ ороиш дода шуда, саҳну атрофи иншооти нав сарсабзу ободон, гулу гулкорӣ ва чароғон карда шудааст. Фаввораҳо барои баргузории маросимҳои ақди никоҳи навхонадорон, сайру истироҳатӣ сокинони шаҳрак ва деҳоти ноҳия шароити беҳтар фароҳам овард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520