Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз хоҷагиҳои деҳқонии “Ҷурабеки Яхтан” ва Ҳоҷӣ Абдуворис”-и ноҳияи Деваштич

21.08.2019 15:23, ноҳияи Деваштич

21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии “Ҷурабеки Яхтан” ва Ҳоҷӣ Абдуворис” шинос шуда, бо мардони рӯзгордида, деҳқонони асил суҳбат намуданд.

Дар ҳар ду хоҷагӣ деҳқонон ба кишти полезӣ, парвариши ангур ва каду машғул мебошанд.

Аз руи иттилоъи деҳқони ботаҷрибаи Хоҷагии деҳқонии “Ҷурабеки Яхтан” Ҷурабек Ахмедов хоҷагӣ дар ихтиёри худ 11 гектар, аз ҷумла 3,40 гектар замини корам ва 1,50 га майдони токзори нав дошта, дар он асосан парвариши полезӣ ва ангури навъи “ҳусейниро” ба роҳ мондаанд.

Зимни суҳбат бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди рӯзгордида, роҳбари Хоҷагии деҳқонии “Ҷурабеки Яхтан” Абдуворис Орифов таъкид намуд, ки аз руи нақли аҷдодон ва мушоҳиҳадо заминҳои ин мавзеъ садсолаҳо боз бекор хобида буду дар он гулу гиёҳе намеруид. Бо ташаббус, дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Сарвари давлат ҳазорҳо гектар замин обёрӣ гардид. Акнун заминҳо ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, мардум аз он барои рӯзгузаронӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, васеъ истифода мебаранд.

Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Абдуворис” дар ихтиёри худ наздики 17 гектар замин, аз ҷумла 8,19 га замини корам, 6,25 га замини обӣ, 1 га боғ ва 1,40 га майдони токи навъи “тоифӣ” доранд.

Тавре мушоҳида гардид, деҳқонон аз заминҳои худ ба таври самаранок истифода мебаранд ва натиҷаи кор ҳамин аст, ки аллакай дар соли аввали кишти зироат ҳосили фаровон парвариш кардаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, дастуру ҳидоятҳо доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520