Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар мусобиқаи футбол байни наврасон дар шаҳри Гулистон

21.08.2019 22:12, шаҳри Гулистон

21 август дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози мусобиқаи футбол байни дастаҳои наврасони вилояти Суғд барои дарёфти “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” иштирок карданд.

Мусобиқаро тимҳои наврасони “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд ва “Ёвар”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ карда, байни ҳам қувва озмуданд.

Аз дақиқаҳои аввали бозӣ мушоҳида гардид, ки наврасон дар вақти тамрин бо истифода аз шароитҳои мусоиди фароҳамовардаи Федератсияи Футболи Тоҷикистон нозукиҳои ин намуди варзиши оламшумулро аз худ кардаанд. Чусту чолокӣ, риояи техникаи бозӣ ва дигар ҳаракатҳои футболбозон шаҳодати ин гуфтаҳост.

Ҳисобро дар дақиқаҳои аввали бозӣ варзишгари бомаҳорат Анушервони Рустам кушод. Анушервон бо як маҳорати хос бо зарбаи нишонрас аз майдончаи ҷаримавӣ тубро вориди дарвозаи ҳарифон кард.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди қабули “Барномаи рушди футбол барои солҳои 2012 - 2016” ва шуруъ аз соли 2014-ум баъди эълони “Соли оммавигардонии футбол” дар кишвар варзиши футбол рушд карда, кудакон, наврасон ва ҷавонон бештар ба ин навъи варзиш ру оварданд.

Бозии дастаҳои “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд ва “Ёвар”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бисёр шавқовар сурат гирифта, бо ҳисоби 6 бар 1 бо ғалабаи дастаи “Спартак” анҷом ёфт.

5 туб дар ин бозӣ бо зарбаҳои қавию нишонрас аз тарафи бозингари бомаҳорат Анушервони Рустам ба дарвозаи ҳарифон ворид гардид.

Баъди анҷоми бозии футбол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳавасманд кардани футболбозони наврас, ба ҳамаи онҳо дучархаҳои замонавӣ ва тубҳои чармӣ тақдим карданд.

Дар мусобиқаи навбатии футбол байни дастаҳои наврасони вилояти Суғд, ки аз 24 то 26 августи соли ҷорӣ дар варзишгоҳи Осоишгоҳи “Баҳористон” баргузор мегардад, дастаҳои “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд, “Ёвар” ва “Амирӣ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, “Суғдиён” ва “Дӯстӣ”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳам қувва меозмоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520