Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз фермаи парвариши чорвои хурди шохдор ва корхонаи панир дар ноҳияи Зафаробод

22.08.2019 10:14, ноҳияи Зафаробод

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳоти Равшани ноҳияи Зафоробод бо фаъолияти фермаи иноватситонии парвариши чорвои хурди шохдор-бузҳои зоти аврупои ва корхонаи коркарди ширу истеҳсолӣ панир шинос шуданд.

Ба Сарвари давлат иттилооъ дода шуд, ки фермаи чорвопарварии чорвои хурди шохдор соли 2015 дар ҳудуди иншооти фермаи хусусигардидаи соҳибкори маҳаллӣ Назар Ғоибназаров дар ҳамкорӣ бо шаҳрванди Австралия Ҷеври Диллон таъсис ёфта, дар ибтидо 10 сар бузи ширдеҳ парвариш меёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ин иқдоми соҳибкорону мутахассисонро дар ташкили чунин фермаи иноватсиони барои парвариши бузҳои зоти ширдеҳ муҳим арзёби намуданд. Ин амал саҳмгузори дар иҷрои “Барномаи маҷмӯъавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” барои афзун намудани саршумору маҳсулнокии чорво, таъмини бозори истеъмолӣ бо ғизои манфиатбахшу фоиданок мебошад.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шахсони алоҳида аз хориҷи кишвар бузҳои зотҳои ширдеҳи аврупоӣ, русӣ ва қамарӣ – покистони ворид намуда, барои эҳтиёҷоти оила ва бозор шири буз истеҳсол менамоянд.

Ташкили фермаи махсуси иноватсионии бузпарварӣ нахустин дар минтақа аст.

Соҳибкорон бо мақсади афзун намудани саршумор, ба шароиту иқлими минтақа мутобиқ намудану ба вуҷуд овардани гурӯҳи бузҳои сермаҳсули самти ширӣ ва ташкил намудани фермаи махсус аз давлатҳои Шветсария ва Франсия нуфтаҳои (тухмии) такаҳои зоти алпинии бузҳои ширдеҳ ворид намудаанд.

Чорабиниҳои афзун намудани бузҳои сершир ва ба вуҷуд овардану такмили рамаи бузҳо дар ду марҳила гузаронида шудааст.

Бо роҳи бордоркунии сунъӣ аввал аз зотҳои аврупоӣ нуфтаҳои таккаҳои ҷойдорӣ истифода гардида, дар марҳилаи дуюм нуфтаҳои аз ҳисоби истифодаи такаҳои зоти алпини ва қисман зоти бузи камарии Покистон ин бузҳои ширдеҳ ба вуҷуд омадаанд.

Ин тадбирҳо дар ҳамкорӣ бо гузаронидани корҳои селексионии олимону мутахаассисони филиали институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти гирифтани наслҳо баланд бардоштани маҳсулнокии шир ва равғаннокии он ба мутобиқ намудани бузҳои зотӣ ширдеҳ ба иқлими ноҳияи Зафаробод натиҷа додаанд.

Дар давоми солҳои 2016-2019 саршумори ҳар сол аз 25 то 40 сар зиёд гардида, ҳоло ба 240 сар расонида шудааст. Аз ин миқдор 100 сар модарбузҳои ширдеҳанд.

Ширҷӯшӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар сар дар як шабонарӯз 2,5-3 литрро ташкил медиҳад.

Дар натиҷа дар 1 шабонарӯз 200-220 литр, дар як моҳ 6-6,5 тонна шири буз истеҳсол карда мешавад.

Фермаи махсуси бузпарвари бо таҷҳизоти технологии пешрафтаи иноватсионӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Ин таҷҳизоти технологии обу ғизодиҳӣ, профилактикию тарбияи бадани чорво, таҷҳизоти тозакунии иншоот ва таҷҳизоти ширҷӯши мебошанд, ки истеҳсоли давлатҳои Шветсарияю Германия.

Таввасути хатти технологии обу ғизодиҳии тақсимоти хошоку консентрат ва об ба таври автоматӣ мувофиқи талаботи зооинҷенрӣ сураът мегирад.

Истеҳсоли шири буз ва ҷурғоту маҳсулоти дигар аз шири буз бино ба хулосаҳои илмию тиббӣ ба организми одам манфиатбахшу шифобахшанд.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо фермаи инноватсионӣ, сӯҳбатҳо бо муассисони ферма ва мутахассисони соҳа таъкид доштанд, ки таъмину дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифату табии омили асосии солимии ҷомеа мебошад. Ҳамчунин таъкид ёфт, ки ҳарчи бештар ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти чорво, хусусан шири чорво ва аз он истеҳсол намудани маҳсулоти ширӣ аз имкониятҳои таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии табиии худӣ мебошад.

Муассисони фермаи иноватсионии бузпарварӣ дар ҳудуди ферма бо таъсиси коргоҳи коркарди шири буз истеҳсоли панирро аз шири буз дар асоси усулу анъанаҳои аврупоӣ ба роҳ мондаанд.

Иқдоми соҳибкорони ватанию хориҷӣ оид ба ташкили фермаи бузҳои зотҳои аврупоию маҳаллии ширдеҳ қобили пайрави ва паҳн кардани ин таҷриба дар дигар минтақаҳои кишвар мебошад.

  

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520