Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон

23.08.2019 09:16, шаҳри Гулистон

Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар масоҳати 0,5 гектар бунёд ёфта, сохтмони он дар давоми камтар аз се моҳ бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ба анҷом расонида шудааст.

Баландии сутунпояи Нишони давлатӣ аз сатҳи сақф 17 метрро дар бар гирифта, бо истифода аз масолеҳи аълосифат бунёд гардидааст.

Давраи Нишони давлатӣ бошад, 2,5 метрро ташкил дода, дар маҷмӯъ баландии он бо сутунпояаш ба 19,5 метр баробар мебошад.

Майдони Нишони давлатӣ дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле ободу зебо гардонида шуда, роҳравҳои атрофи он дар масоҳати зиёда аз 2000 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.

Ҳамчунин иншоот бо зиёда аз 100 ҳазор дона гулу буттаҳои мавсимӣ сабзу хуррам гардонида шуда, бо фароҳамсозии шароити зарурӣ ин майдон ба як макони диданӣ табдил ёфтааст ва барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони ин шаҳри саноатию сайёҳӣ басо мувофиқ мебошад.

Майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Гулистон шабонгоҳ наздики 70 адад чароғакҳои поядор ва сутунпояи Нишонро 10 адад чароғак хеле назаррабо мегардонад.

Зинапояҳои назди Нишони давлатӣ дар масоҳати 600 метри мураббаъ бо истифода аз сангҳои ороишии ватанӣ зиннат ёфтааст. Дар ин ҷо ҳамчунин фаввораҳои зебо бунёд гардидааст, ки тарҳи он муосир ва ҷолиби диққат мебошад.

Дар майдони Нишони давлатӣ наздики 100 бех ниҳоли ҳамешасабз шинонида шуда, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон 3 айвонча низ мавҷуд аст.

Иншоот дар назди бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар шафати роҳи автомобилгард бунёд карда шуда, 320 метр девор ва 200 метр панҷараҳои иҳотавии бинои мазкур навсозӣ гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта дар майдони Нишони давлатӣ баҳои баланд дода, ба масъулин ҷиҳати нигоҳубини хуби иншоот ва сабзу хуррамии атрофи он дастуру ҳидоятҳо доданд.

Майдони навбунёди Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир буда, ба макони асосии тамошо ва сайёҳату фароғати сокинону меҳмонон табдил ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бунёди рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар доираи дастуру ҳидоятҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади гиромидошти муқаддости миллӣ амалӣ гардидааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520