Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақдими туҳфаҳои идона ба 100 нафар ятими кулл дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

23.08.2019 09:22, ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба 100 нафар ятими кулл, ки таълимгирандагони муассисаҳои миёнаи як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошанд, туҳфаҳои идона тақдим карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин табақаи ҷомеаро, ки бо амри тақдир аз меҳру муҳаббати оила маҳрум гардидаанд, бо фарорасии солгарди 28 - уми ҷашни Истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфта, ба онҳо дар идомаи таҳсил ва ҳаёти мустақилона барору комёбӣ орзу намуда, таъкид доштанд, ки бо хониши хубу аъло ва ахлоқи ҳамида ҳамчун фарзандони содиқи Ватан ба воя расанд.

Дар ин рӯз шодиву хурсандии ятимон ҳаду канор набуд, зеро онҳо маҳз аз дасти сарвари ғамхору пуштибони худ туҳфаҳои арзанда гирифтанд. Ятимони кулл изҳори сипосу миннатдории хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самимияти беандоза ва меҳри зиёд баён намуданд.

Туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат аз кӯмакпулии яквақтаина ва сару либоси зебо иборат буд. Ҳамзамон дар ин рӯз баҳри афзун гардидани шодию нишоти ятимони кулл дастурхони идона ороста шуд.

Мутобиқи маълумоти оморӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд 723 ятим ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 16 нафарашонро ятимони кулл ташкил медиҳанд. Ҳамаи ин нафарони бесаробонмонда таҳти таваҷҷӯҳ ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва барои онҳо шароити мусоиди таълиму тарбия муҳайё карда шудааст.

Дасти кӯмак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз хислатҳои неки инсонӣ маҳсуб меёбанд, ки хушбахтона имрӯз ҳамчун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳои миллӣ аз тарафи шахсони саховатпеша анҷом дода мешавад.

Дастаи ҳунармандони ҷавону наврасе, ки дар назди Сарвари давлат бо барномаи рангини пурмуҳтаво баромад намуданд, аз ҳисоби ятимони кулл буданд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар партави хислатҳои неки инсондӯстонаи роҳбарияти давлату Ҳукумат бо иқдомҳои пайвастаи соҳибкорону дигар ашхоси саховатпеша сатҳу сифати зиндагии мардуми эҳтиёҷманд беҳтару хубтар гардидааст ва ин раванд идома меёбад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520