Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қоғазӣ бо 50 ҷойи кории нав дар шаҳри Бӯстон

24.08.2019 08:00, шаҳри Бӯстон

Рӯзи 24 – уми августи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд  корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дурахшон - Бӯстон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои он аз наздик шинос шуданд.

Тавре маълум гашт, корхонаи мазкур ба коркард ва истеҳсоли маҳсулоти қоғазӣ машғул буда, қоғаз барои ташноб, дастпоккунакҳои қоғазӣ ва дигар навъи маҳсулоте, ки аз қоғаз омода мегардад, истеҳсолу пешниҳод мекунад. Дар як моҳ корхонаи навтаъсис имконият дорад, ки  то 50 тонна ашёи хомро коркард намуда, аз он маҳсулоти ниҳоӣ омода намояд. Ба иттилои масъулин Корхонаи “Дурахшон - Бӯстон” пурра дар асоси ашёи хоми ватанӣ фаъолият намуда, аз минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ашёи хом ба коргоҳ ворид карда мешавад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дурахшон - Бӯстон” аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони маҳаллӣ дар доираи дастгириҳои  бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, бешубҳа заминаест барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии мамлакат. Дар ин баробар ифтитоҳи чунин корхонаву коргоҳҳо барои тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда боис гардида, дар оянда метавонанд, ки иқтидори содиротии мамлакатро боз ҳам болотар баранд. Зеро талабот ба чунин маҳсулоти хушсифат на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ ҳам хеле зиёд аст ва феълан ҶДММ “Дурахшон - Бӯстон” аз шумури корхонаҳои азими коркарди қоғаз дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Корхонаи нав бо хати муосири истеҳсолӣ, ки сифати маҳсулотро ҳамаҷониба таъмин менамояд ва аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ фаъолият мекунад муҷаҳҳаз буда, пас аз бозомӯзӣ дар ин ҷо 50 нафар аз сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷои корӣ доимӣ ва бештар аз 1000 сомонӣ маош гаштанд.

Иншооти мазкур дар зарфи як сол бунёд ёфта, лоиҳаи он аз ҷониби ҶДММ “Суғд Лоиҳакаш” бо назардошти талаботи муосир бунёд гардида, корҳои сохтмониро ҶДММ “Бинокор Бунёдгар” анҷом дода шуд. Корхонаи нав дар масоҳати наздик ба як гектар замин бунёд ёфта, ҳамчунин дорои дигар иншооти ёрирасон барои интиқолу кашонидани маҳсулот мебошад. 

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона Роҳбари давлат ба технологияи насбгардида ва хатҳои истеҳсолии он баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор намуданд, ки ба сифати маҳсулот диққати аввалиндараҷа дода, мутобиқ ба стандартҳои ҷорӣ истеҳсолотро ба роҳ монанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520