Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Коргоҳи заргарии «Зари тоҷик»-и ҶСК «Равшан» дар шаҳри Душанбе

27.08.2019 11:45, шаҳри Душанбе

27-уми август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  дар арафаи таҷлил аз 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Теҳрон 21-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Коргоҳи «Зари тоҷик»-и Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Равшан»-ро мавриди истифода қарор дода, бо раванди истеҳсоли маҳсулоти гуногуни заргарӣ ва шароити кору фаъолияти заргарон дар он аз наздик шинос гардиданд. 

Бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тавассути ҷалби сармояи мустақим имрӯзҳо бунёди як силсила корхонаҳои саноатӣ вусъат ёфта, ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила беҳтар намудани некӯаҳволии сокинони пойтахт чораҳои мушаххас амалӣ гардида истодаанд. 

Коргоҳи заргарии «Зари тоҷик» дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Равшан», ки соли 2012 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, бо мақсади коркарди ашёи хоми ватанӣ  ба истифода дода шуда буд, фаъол гардонида шудааст.

Коргоҳи «Зари тоҷик» дар масоҳати 1420 метри мураббаъ сохта шуда, аз се ошёна, таҳхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ошёнаи якуми бинои коргоҳи «Зари тоҷик» нахуст аз гӯшаи намоиши маҳсулоти тайёри заргарон дидан намуданд.

Таъкид гардид, ки коргоҳ дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи роҳбарияти олии мамлакат дар самти расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар сохта шуда, дар он феълан 50 нафар, аз ҷумла 20 нафар занону духтарон ба кори доимӣ  ҷалб гардидаанд ва маоши коргарон вобаста ба сатҳи касбият ва ҳаҷми корашон  аз 1500 то 3000 сомонӣ пардохт карда мешавад.

Коргоҳ аз 5 сех, аз ҷумла механикӣ – барқӣ, рехтагарӣ, зарҳалдиҳӣ, рассомию дизайнерӣ, басту банд ва заргарӣ иборат аст.

Дар коргоҳ асосан истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз тиллою нуқра, латун, сангҳои гуногуни қиматбаҳо, ки аз конҳои кӯҳҳои аз ҷиҳати канданиҳои фоиданок бойи Тоҷикистон дастрас карда мешавад, ба роҳ монда шудааст.

Дар ин ҷо баробари маҳсулоти тайёри ороишӣ барои занону бонувон ҳамчунин дар асоси фармоиши мизоҷон истеҳсоли  ҳайкалчаҳои гуногун, нишонҳои сарисинагӣ, ашёи рӯзғор ва як қатор маҳсулоти дигари заргарӣ бо истифода аз нақшу нигори хоси миллӣ омода карда мешавад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки раванди омода кардани қуттиҳои махсус барои гирифтани маҳсулоти заргарӣ ва нигаҳдории он низ дар ҳамин ҷо ба роҳ монда шудааст, ки онҳо бо санъати хоси кандакории тоҷикон тайёр ва барои истифода пешниҳод мегарданд.

Бояд гуфт, ки бунёди корхонаи зикргардида, ҳамчун идомаи раванди бунёдкориву созандагӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон барои рушди соҳаи саноати миллӣ, афзудани иқтидори истеҳсолии мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳбудии рӯзгори сокинони шаҳр нақши муассир хоҳад дошт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди истеҳсолот дар ин корхона, ки асосан бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Канада, Италия ва Чин ба роҳ монда шудааст, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Бо назардошти фаровонии ашёи хом, яъне тиллою нуқра ва металу сангҳои қимматбаҳо дар Тоҷикистон ва ҳам талаботи зиёд дар бозори дохилу хориҷи кишвар ба ороишоту ҷавоҳирот, ба роҳбарияти корхона дастур доданд, ки заминаи истеҳсоли маҳсулоти заргариро боз ҳам афзун ва шумораи коргаронро зиёд намоянд.

Дар ҳамин ҳол роҳбарияти коргоҳ уҳдадор гардиданд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёди бинои бисёрошёна дар шафати коргоҳ боз 450 ҷойи нави корӣ муҳайё мекунад ва шумораи умумии кормандонро то ба 500 нафар хоҳад расонд.

Дар Коргоҳи заргарии «Зари тоҷик»  дар як моҳ 3 килограмм тилло ва 5 килограмм нуқра коркард ва аз онҳо маҳсулоти ниҳоии ороишӣ ва дигар ашёи зарурии рӯзғор, аз ҷумла армуғонҳо барои бозори дохилӣ омода мегардад.   

Дар маҷмӯъ иқтидори коркарди ин коргоҳи нави саноатӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе дар як сол ба 36 килограмм тилло ва 60 килограмм нуқра баробар аст ва масъулин мегӯянд, ки баробари бо иқтидори пурра ба роҳ мондани фаъолият ин нишондод боз ҳам бештар карда мешавад ва шумораи ҷойҳои корӣ низ боло бурда хоҳад шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагуна иқдоми созандаеро, ки ба манфиати давлату миллати мо мебошад, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд ва зикр рафт, ки расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар омили муҳим дар самти вусъат бахшидани иқтидори содиротӣ ва боз ҳам боло бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони мамлакат мебошад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо раванди истеҳсолот дар ин коргоҳи наву муосир дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ба сифати корҳои анҷомёфта ва таваҷҷӯҳи  зиёди соҳибкорони ватанӣ барои роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва коркарди пурраи ашёи хом дар дохили мамлакат баҳои баланд доданд.

Шаҳри Душанбе имрӯзҳо тавассути бунёди биноҳои баландошёна ва гулгашту хиёбонҳо, майдончаҳо, роҳу роҳравҳои замонавӣ ва боғҳои истироҳату фарҳанг ба шаҳри дилорову писандидаи сокинони он ва тамоми кишвар табдил ёфта истодааст.

Дар баробари ин, раванди бунёди корхонаву коргоҳҳои саноатӣ дар пойтахт бомаром идома дорад, ки солҳои наздиктарин ба таъмин намудани ҳазорҳо нафар сокинон бо ҷойҳои корӣ ва бо ҳамин роҳ боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии онҳо мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки феълан раванди тадбирҳои ободонию созандагӣ дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе барои истиқболи  бошукӯҳ аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама самтҳо идома дорад ва то соли 2021 бо назардошти талаботи аҳолӣ ва афзоиш бахшидани иқтидори содиротии мамлакат баробари 3500 иншооти дорои таъйиноти гуногун бунёди корхонаҳои нави саноатӣ бо роҳандозии истеҳсоли молу маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир дар онҳо ба нақша гирифта шудааст, ки дар марҳилаи аввал беш аз 3000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520