Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

09.09.2019 13:54, шаҳри Душанбе

Ба ифтихори бистуҳаштумин солгарди истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудани барқияву номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ идома дорад.

Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Чжэ Ин дар барқияаш навиштааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи истиқлол самимонатарин табрикоти худро иброз менамоям.

Ба туфайли ҳамкориҳои зич дар соҳаҳои мухталиф муносибатҳои дӯстонаи Кореяву Тоҷикистон тӯли солиён масири рушди босуботро касб кардаанд. Махсусан таъкид карданиам, ки ташрифи Сарвазир Ли Нак-Ён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи июли соли ҷорӣ сурат гирифт, барои ба сатҳи боз ҳам баландар бардоштани муносибатҳои дуҷониба асос гузошт. Умедворам, ки кишварҳоямон минбаъд низ ҳамкории зичро таъмиқу таҳким ва ба он хусусияти барои ҷонибҳо судманд ва ба сӯи оянда нигаронидашуда хоҳанд бахшид. Бовар дорам, ки дӯстии ду кишвар низ дар оянда тақвияти бештар хоҳад ёфт.

Ҷаноби Олӣ, лутфан таманниёти беҳтарини ин ҷонибро ҷиҳати саломатии бардавом ва комёбиҳо қабул фармоед, ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад шукуфоии шукуфоии беш аз пешро орзумандам».

Амири давлати Кувайт Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ дар барқияаш гуфтааст:

«Ҷаноби Олӣ, Эмомали Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар аввал эҳтироми самимии худро иброз менамоям.

Боиси хушнудист, ки Шуморо Ҷаноби Олӣ бо ҷашни Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии ба мо дӯст Тоҷикистон табрику таҳният бигуям ва аз фурсати муносиб истифода бурда, пешрафту шукуфоӣ ва давоми муносибатҳои дустона байни ҳарду давлат ва мардуми бо ҳам дӯстро таманно дорам.

Бо камоли эҳтиром ба Шумо Ҷаноби Олӣ тансиҳативу хушҳолӣ ва ба давлату мардуми дӯсти Тоҷикистон пешрафту шукуфоиро таманно дорам.

Хоҳишмандам, Ҷаноби Олӣ, ғояти эҳтироми маро бипазиред».

Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Зееман дар номаи шодбошии худ ба унвонии Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:

«Ҷаноби Олӣ,

Иҷозат фармоед ба Шумо самимонатарин табрикоти хешро ба муносибати ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи истиқлол иброз намоям.

Бовар дорам, ки робитаҳои дӯстонаву зич ва самарабахши миёни Ҷумҳурии Чехия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуда минбаъд низ мутобиқ ба манфиатҳои дуҷонибаамон таҳким хоҳанд ёфт.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии комилу комёбиҳои минбаъдаи бузург дар амалияи бунёди кишвари шукуфояндаатон орзумандам».

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Украина Владимир Зеленский чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Аз номи мардуми Украина ва шахсан аз номи худам Шуморо ба муносибати иди миллӣ – Рӯзи итиқлолияти давлатӣ самимона табрик мегӯям.

Итминон дорам, ки дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ асоси муътамади рушди минбаъдаи муносибатҳои байни кишварҳоямон ва таъмиқи ҳамкориҳои Украинаву Тоҷикистонро дар ҳамаи соҳаҳои барои ҷонибҳо судманд ташкил медиҳад.

Бо истифода аз ин фурсат, мехоҳам ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатии комил, дар фаъолияти баланди давлатиатон муваффақиятҳои навин ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон рифоҳу шукуфоӣ орзу намоям».

Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка Майтҳрипала Сирисена зимни табрикоти худ овардааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Боиси сарфарозии мап аст, ки аз номи Ҳукумат ва мардуми Шри Ланка ба унвонии Ҷаноби Олӣ, Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоцикистон, табрикоти гарму самимии худро бо таманниётҳои беҳтарин ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол дошта боишм.

Итминопи комил дорам, ки муносибатҳои дӯстонаи миёни кишварҳоямон дар оянда низ сол ба сол қавӣ хоҳад гашт. Сидқан умедворам, ки дӯстии дарозмуҳлати побарҷо ва ҳамдигарфаҳмию ҳамкориямои дар оянда низ баҳри манфиатҳои тарафайн тақвият дода хоҳанд шуд.

Лутфан Ҷаноби Олӣ, таманниёти беҳтарин ва самимии маро баҳри саломатии бардавом, хушбахтӣ ва некуаҳволии шахсиятоп ва рушди идомадор ва ташаккулёбиро баҳри мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта бошед».

Президенти Ҷумҳурии Словакия Зузана Чапутова дар барқияаш гуфтааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Аз номи шаҳрвандони Ҷумҳурии Словакия ва шахсан аз номи худам Шуморо бо иди миллии кишваратон табрик менамоям.

Боварӣ дорам, ки ҳамкориҳои байни кишварҳоямон минбаъд низ бар асоси барои ҷонибҳо судманд дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои умумӣ рушд хоҳанд ёфт.

Ба ин муносибат ба кишвари Шумо ва ҳамаи шаҳрвандони он шукуфоӣ, рушди муваффақонаи иҷтимоиву иқтисодӣ, инчунин дар ҷодаи бунёди ҷомеаи босуботи демократӣ азми қотеъ орзумандам».

Халтмаагийн Батулга, Президенти Муғулистон Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:

«Ба ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

Аз номи мардуми Муғулистон ва шахсан аз номи худам мардуми дӯсти Тоҷикистонро ба муносибати иди миллии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Аз ҳамкорӣ бо Шумо, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Президент, ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстонаи Муғулистону Тоҷикистон ба нафъи мардумону инкишофи минтақаамон шодам.

Бовар дорам, ки муносибатҳои мо минбаъд ҳам соҳаҳои нав ба нави ҳамкориҳоро фаро гирифта, рушду тавсеа хоҳанд ёфт.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Президент, беҳтарин тамнниёти худро иброз намуда, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон шукуфоӣ орзумандам».

Президенти Руминия Клаус Вернер Йоханнис дар барқияаш навиштааст:

«Бо таманнои сулҳу шукуфоӣ мехоҳам ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти худро баён дорам.

Итминон дорам, ки муносибатҳои байни кишварҳоямон минбаъд низ ба манфиати халқҳоямон рушд намуда, ба раванди муколама ва ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон мувофиқат хоҳанд кард.

Хоҳишмандам, муҳтарам Ҷаноби Президент, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».

Дар барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли мамнуният самимонатарин табрикотамро ба муносибати Рӯзи Истиқлол ба мардуми Тоҷикистон мефиристам.

Дар ин вазъи мураккаби замони муосир ҳамкории байналмилалӣ нисбат ба ҳар вақти дигар зарур мебошад. Вақте, ки “Мо мардумон” бо нияти нек барои сулҳ, рушди устувор ва ҳуқуқи инсон ба ҳам меоем, аз ин тамоми ҷаҳон бурд менамояд.

Дар ҳоле, ки Шумо рӯзи миллии кишваратонро таҷлил менамоед, ман ба фаъолияти муассири мамлакати Шумо дар таҳкими Созмони Милали Муттаҳид ва пешбурди талошҳои мо ба сӯи ояндаи беҳтар барои ҳама эътимод дорам.

Хоҳишмандам, Ҷаноби Олӣ, ғояти эҳтироми маро бипазиред».

Дар барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Владимир Норов чунин омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Табрикоти самимии маро ба муносибати Ҷашни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Рӯзи Истиқлолият қабул фармоед.

Халқи Тоҷикистон бо интихоби таърихии худ роҳи бунёди давлати нав ва мустақилро пеш гирифт. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар муддати кӯтоҳ ба ҳадафҳои асосии стратегӣ – истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ ноил гардида, таҳкими давлатдориро устуворона идома дода, дар самти иҷтимоиву иқтисодӣ рушд мекунад.

Кишваре, ки роҳи аввали ташаккули давлатдориро тай намуда, дар роҳи рушди рӯзафзун пеш меравад, дар самтҳои суботи сиёсӣ, рушди иқтисодиёт ва энергетика, беҳтар кардани зиндагии мардум ва боло бардоштани нуфузи байналмилалии давлат муваффақиятҳои калонро ба даст оварда, дар кори давлатсозӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Шумо, ҳамчун яке аз асосгузорон, дар саргаҳи пайдоиши Созмони Ҳамкории Шанхай қарор дошта, пайваста ба рушди он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунед.

Нақши Шумо дар пешбурди нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ, дар таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамгироии кишварҳои аъзои СҲШ далели раднопазир аст. Пешниҳодҳои амиқи андешакоронаи Шумо мундариҷаи фаъолияти бисёрҷонибаи Созмонро ғанӣ месозанд ва дар кори таҳкими СҲШ ҳамчун як иттиҳодияи бонуфузи байналмилалӣ саҳми бузург мегузоранд.

Бо истифода аз фурсат, иҷозат фармоед ба Шумо, ҷаноби Президент саломатии бардавом, дар фаъолиятатон муваффақиятҳои калон ва ба мардуми бародар ва меҳмондӯсти Тоҷикистон бурдборӣ ва шукуфоӣ таманно намоям».

Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин аз Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бин Зойид Оли Наҳён, Раиси Шурои Вазирони Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҳокими шаҳри Дубай Шайх Муҳаммад бин Рошид ол-Мактум, Валиаҳди Абу Забӣ Волоҳазрат Шайх Муҳаммад бин Зойид Олӣ Наҳён ва дигарон расиданд.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти кишвар ба муносибати ин ҷашни фараҳбахш – 28-умин солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520