Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун

21.06.2012 07:00, Бразилия

Имрӯз дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар доираи иштирок дар Конфронси Рио+20 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот намуд.

Зимни сӯҳбат масъалаҳои ҳамкории гуногунҷанбаи кишвар бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоду муассисаҳои сершумори он муҳокима гардиданд.

Дар оғози мулоқот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки «ҷониби Тоҷикистон аз сатҳи олии ҳамкории худ бо Созмони Милали Муттаҳид, ки чанде пеш мо бистумин солгарди онро ҷашн гирифтем, қаноатманд аст».

Президенти Тоҷикистон саҳми назарраси ниҳодҳо ва муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳидро дар ҳаллу фасли маҷмӯи калони масъалаҳои рӯзмарраи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию амниятии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолият баланд арзёбӣ намуд.

Ҷонибҳо ба раванди татбиқи пайгиронаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, нишонаҳои шиддат гирифтани бӯҳрони озуқаворӣ, тағйирёбии иқлим, проблемаи зиёди экологӣ ва офатҳои табиии харобиовари солҳои охир аз ҷумлаи монеаҳои чунин раванд номида шуданд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ кард, ки Созмони Милали Муттаҳид дастгирии минбаъдаи ҷониби Тоҷикистонро дар раванди расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва рафъи монеаҳои зикршуда идома хоҳад дод.

Ҷонибҳо инчунин оид ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва энергетикӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, ҳамчунин баъзе масъалаҳои мубрами экологӣ дар Осиёи Марказӣ табодули назар карданд.

Дар масъалаи истиқрори сулҳу субот дар Афғонистони ҳамсоя, Президенти кишвар иброз дошт, ки «мо ба ҳарчӣ зудтар баромадани ин сарзамини азияткашида аз ҳолати низоъ сидқан манфиатдорем ва ҷаҳду талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли фарогири қазияи Афғонистон дастгирӣ менамоем».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520