Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани боғи фарҳангию фароғатии Хуталон дар шаҳри Кӯлоб

10.09.2019 22:50, шаҳри Кӯлоб

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Кӯлоб боғи фарҳангию фароғатии Хуталонро бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки оғози корҳои азнавсозию барқароркунӣ дар боғи мазкур, моҳи феврали 2019 оғоз гардида, моҳи сентябри 2019 бо сифати баланд ва тарҳи зебою муосир аз ҷониби КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон, ба анҷом расидааст.

Боғи «Хуталон» дар масоҳати умумии беш аз 5 гектар бунёд гардида, дар ҳудуди он 200 бех дарахти кипариз лейланди, 240 маживелник, 240 дарахтони ороишии шамшод, 90 бех сирен шинонида шуда, 24 фавораи гуногунранги ороишӣ насб гардидааст, ки ба атроф зебогии хоса зам намудааст.

Баландии дарвозаи асосии боғи мазкур, 6 метр ва паҳноияш 60 метрро ташкил дода дар назди он ду таваққуфгоҳи нақлиёт ҷойгир мебошад.

Инчунин 13 ҳазор метри мураббаъи ҳудуди боғ асфалтпуш гардида,13 метри дигари он сафолакпуш карда шудааст.

Дар ин росто 100 ҳазор гулҳои ороишии гуногуни мавсимӣ ва бисёрсола дар боғи “Хуталон” шинонида шуда, 400 адад чароғаки равшанидиҳанда насб гардидаанд.

Мавриди зикр аст, ки барои солимӣ ва дилхушии кӯдакон ду майдончаи варзишӣ дар ҳудуди боғ ва як бинои қаҳвахонаи бо тарҳи муосир бунёд гардидааст.

Болои марғзорону сабзаҳои боғ ҳайкалҳои палангу шутур, оҳу кабкҳо баҳри рушди зеҳнии кӯдакон ва дӯст доштани муҳити зист ҷамъ оварда шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба корҳои азнавсозӣ баҳои баланд дода, масъулинро барои бунёди чунин як боғи муосир табрику муборакбод намуда, дастуру супориш доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520