Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

11.09.2019 01:03, шаҳри Кӯлоб

Шоми 10-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид ба амал оварданд. Дар даромадгоҳи боғи марказии фарҳангӣ- фароғатӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷавонони саодатманди тоҷик бо самимияти хоса ва садоқати бепоён аз Сарвари давлат истиқбол гирифтанд.

Маврид ба ёдоварист, ки Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баъд аз навсозӣ симои комилан дигар гирифта, ба маркази бузурги истироҳату фароғати кулли сокинон ва меҳмонони шаҳри Кӯлоб табдил ёфтааст. Масоҳати умумии боғ 9 га заминро ташкил медиҳад.

Дар ҳудуди боғи мазкур ду майдончаи варзишии замонавӣ, ки барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол ва теннис пешбинӣ гардидааст, сохта шуда, майдончаи бозӣ барои кӯдакон ва наврасон, майдончаи тенниси рӯйи миз, Маркази ҷавонон, қаҳвахона, амфитеатр, бинои шоҳмотбозӣ ва 8 адад нуқтаи хурди фурӯши армуғон қомат афрохтааст. Лоиҳаи боғро Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Вертикал” бар уҳда дошт ва он аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии “Алюминии Тоҷик” пурра навсозӣ карда шудааст.

Дар корҳои сохтмонӣ мутахассисони ватанӣ ба кор ҷалб гардида, масолеҳи хушсифати сохтмонӣ истифода гардидааст. Беш аз 4 гектар замини ҳудуди боғ сабзазор буда, барои хуррамгардонӣ 240 бех дарахтони нодири ороишии ҳамешасабз, ки ҳамаи он аз хориҷи мамлакат оварда шуданд ва садҳо намуд гулу буттаҳои зебои мавсимӣ шинонида шудааст.

Шабона барои равшаннамоии боғ 100 адад чароғ бо сутунпояи 6 метра, 82 адад 10 метра ва 2 адад 15 метра насб гардидааст. Боғ ду даромадгоҳ аз қисми ғарбӣ ва шарқӣ дошта, онҳо бо санъати меъмории миллӣ оро ёфтаанд. Баландии даромадгоҳи қисми ғарбии боғ 12,5 ва паҳноии он 40 метрро ташкил медиҳад. Баландии даромадгоҳи қисми шарқии он бошад, 4,5 ва паҳноияш 15 метр аст. Роҳравҳои ҳудуди боғ дар масоҳати 12 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш карда шудаст.

Барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон 15 намуди атраксионҳо насб гардида, ҳудуди боғро 18 адад фаввораи хурду бузург зебу зиннат бахшида ба ин марказ ҳусни дигар зам мекунад. Бо бунёди Боғи марказии фарҳангӣ- фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Cайид Алии Ҳамадонӣ барои сокинону меҳмонони шаҳр имкони мусоиди истироҳату фароғат муҳаё гардида, аз фароҳам шудани чунин инконият сокинони шарафманди ин гӯшаи диёр руҳбаланд мебошанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520