Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Фабрикаи парандапарварӣ дар шаҳри Кӯлоб

11.09.2019 09:58, шаҳри Кӯлоб

11 сенятбри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фабрикаи парандапарварии ҶДММ “Саман”-ро, ки дар деҳоти Кӯлоб бо саҳми соҳибкор Масидиқ Одинаев сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Фабрикаи парандапарварӣ барои парвариши 200 ҳазор сар паранда пешбинӣ шуда, дар марҳилаи аввал алакай парвариши 50 ҳазор сар паранда дар он ба роҳ монда шудааст ва бо технолологияи муосир муҷҷаҳаз мебошад.

Масоҳати умумии фабрикаи парандапарварӣ 5,05 гектарро ташкил дода, дорои се мурғхона ва анбори нигоҳдории тухм аст.

Дар сурати пурра фаъолият намудани фабрикаи парандапарварӣ иқтидори истеҳсолӣ зиёда аз 150 ҳазор дона тухм дар як рӯзро ташкил хоҳад дод.

Сарвари давлат ҳангоми шиносоӣ ба ҷорӣ намудани чунин технологияи муосири парвариши мурғ дар фабрикаи мазкур баҳои баланд доданд.

Дастгоҳу таҷҳизоти фабрикаи мазкур аз Туркия бо маблағи 5 миллион сомонӣ харидорӣ гардида ба таври автоматӣ идора карда мешавад.

Фабрикаи парандапарварӣ дорои як қатор иншооти ёрирасон мебошад, ки аз рӯи лоиҳа бунёди инфрасохтори он 12,9 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар сохтмони фабрикаи парандапарварӣ зиёда аз 30 нафар мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.

Фабрикаи парандапарварӣ аз ҷониби корхонаи фаръии КВД «Лоиҳакаш»-и шаҳри Кӯлоб сурат гирифта аст.

Сохтмони фабрикаи парандапарварӣ моҳи апрели соли 2018 оғоз ва 11 сентябри соли 2019 пурра ба анҷом расида, мавриди истифода қарор гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520