Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон-20.
Бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

Китоби мазкур ба ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он муҳимтарин дастовардҳои Тоҷикистони тозаистиқлол дар давраи пас аз эълони Истиқлолияти давлатӣ тавсиф ва муаррифӣ гардидааст. Дар китоб ҳамчунин аз муҳимтарин ибтикору иқдомоти созандаи Сарвари давлат - Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар устувор намудани пояҳои давлатдории навини тоҷикон сухан меравад.

Хонанда аз мутолиаи ин китоб метавонад дар бораи Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, раванди демократӣ кардани ҷомеъа, қабули Конститутсияи нав дар кишвар, таҷрибаи таърихии сулҳи тоҷикон, таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудани Тоҷикистон маълумоти дақиқ ва зарурӣ пайдо намояд.

Муаллифон: Абдуфаттоҳ Шарифзода
Доктори илми таърих, профессор

Анвар Асадов

Зери таҳрири  Додихудо Саймиддинов
Доктори илми филология, профессор

Саидмурод Фаттоев
Номзади илми сиёсатшиносӣ

Душанбе, «Ирфон», 2011, 372 саҳ.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520