Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузоштани санги асос барои бунёди бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод

20.09.2019 09:03, ноҳияи Файзобод

20 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Файзобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии шуъбаи маориф оғоз бахшиданд.

Мувофиқи лоиҳа бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод сеошёна буда, он бо дарназардошти набудани шароити мувофиқу муосири фаъолият барои кормандони соҳаи маориф сохта мешавад.

Дар бинои шуъбаи маориф утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳ бо 80 ҷой ва ҳуҷраҳои хоб ҷойгир карда мешавад. Бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ бунёд карда мешавад.

 Барои сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод қитъаи замин дар масоҳати 0,30 га ҷудо карда шудааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин мегарданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ ба лоиҳаи сохтмони бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод ба масъулон ва сохтмончиён ҷиҳати бо сифати баланд бунёд кардани иншоот дастуру ҳидоятҳо доданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки рушди бонизоми соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати имрӯзаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои беҳтару хубтар намудани шароити кории кормандони соҳа тадбирҳои саривақтӣ андешида мешавад.

Дар маркази ноҳияи Файзобод сохтани бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия аз дастгириву таваҷҷӯҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва муҳайё кардани шароити муосир шаҳодат медиҳад. Бо сохта ба истифода додани бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия дар оянда барои кормандон шароити созгори фаъолият фароҳам оварда мешавад ва ин омил дар пешрафти кори соҳа заминаи мусоид мегузорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520