Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи толори варзишӣ дар ноҳияи Файзобод

20.09.2019 09:09, ноҳияи Файзобод

20 сентябр пас аз шиносоӣ аз намоишгоҳи дастовардҳо ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Файзобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон толори варзиширо, ки дар маркази ноҳия бунёд гардидааст, ифтитоҳ карданд.

Дар назди толори варзишии навбунёд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷавонони саодатманду сарфарози ноҳия бо руҳияи болидаву самимияти беандоза ва садоқати бепоён ба Пешвои муаззаму маҳбуби худ истиқбол гирифтанд.

Дар рафти шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки толори варзишӣ зиёда аз 400 ҷойи нишаст дорад ва асосан барои баргузор намудани бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардидааст.

Иншооти мазкур бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.

 Дар толори варзишӣ ду ҳуҷраи барҳавои ивази либос, ду ҳаммом бо ҷойгиршавии 6 нуқтаи оббозӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд аст. Бо мақсади таъмини гармӣ дар мавсими сармо дохили иншоот пурра бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ, ки тариқи неруи барқ фаъолият мекунад, муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Илова бар ин дар иншооти варзишӣ системаи ҳавотозакунӣ васлу насб гардидааст, ки барои муътадил нигоҳ доштани ҳавои дохили толор нақши муҳим мебозад. Толори варзишӣ дар шафати Варзишгоҳи марказии ноҳия бунёд шуда, масоҳати умумии бино 957,3 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Дар самти ободу зебо ва хуррамгардонӣ саҳн ва атрофи иншоот кабудизор буда, гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасаб шинонида шудааст. Ҳамчунин барои таъмини бехатарӣ дар дохил ва беруни толори варзишӣ 8 адад камераҳои назоратӣ насб гардидааст.

Бо бунёд шудани иншооти замонавии солимгардонӣ шароити арзанда барои баргузор кардани мусобиқаҳои варзишӣ фароҳам гардид. Акнун насли наврасу ҷавони ноҳия имкон доранд, ки дар вақтҳои озод аз омӯзишӣ барномаҳои таълимӣ ба машқу тамрин машғул шаванд ва аз имконияти муҳайёгардида босамар истифода баранд.

Ҳадаф аз бунёди чунин толорҳои муосири варзишӣ дар миқёси мамлакат бо дастгирӣ ва ғамхориҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва ба ин васила ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни ҷомеа мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520