Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақдими туҳфаҳо ба ятимон ва маъюбон дар ноҳияи Файзобод

20.09.2019 10:39, ноҳияи Файзобод

20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Файзобод бо як гурӯҳ ятимони кулл ва маъюбони ноҳия мулоқот намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст наврасону ҷавонони бо амри тақдир аз падару модар маҳрумгаштаро ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карда, онҳоро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои олии давлатдорӣ ва ободу зебо кардани ин сарзамин ҳидоят намуданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 32 нафар ятими кулл аз 9 ҷамоати ноҳияи Файзобод туҳфаҳои идона тақдим намуданд. Ин иқдоми башардӯстонаи Роҳбари ғамхору дилсӯзи миллат боиси шодиву хурсандии наврасон гардид.

Инчунин дар вазъияти тантанавӣ ба ду нафар маъюб аз оилаҳои камбизоат калиди хона супорида шуд. Хонаҳои истиқоматӣ бо пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки ноҳияи Файзобод сохта шуда, аз ду ҳуҷра иборат аст ва дорои беҳтарин шароити зиндагӣ мебошад.

Дар ҳузури Роҳбари давлат ҳамчунин ақди никоҳи як ҷуфти ҷавон, ки як нафараш ятими кулл мебошад, ба расмият дароварда шуд. Дар вазъияти тантанавӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони хушбахт шаҳодатномаи ақди никоҳро тақдим намуда, ба онҳо зиндагии хушу пурсаодат орзу карданд.

Дар охир Пешвои муаззами миллат аз ятимону маъюбон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат таҳсил намоянд, соҳибилм шаванд ва бо касбу ҳунари худ фарди ватандӯсту ватандор гарданд. Дар тӯли 28 соли Истиқлолияти давлатӣ ятимону бепарасторон ва оилаҳои камбизоат ҳамеша зери таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбари давлат қарор доранд ва барои беҳдошти зиндагии онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.

Дар ин рӯз ҳамчунин аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 300 оилаи ноҳияи Файзобод кӯмаки моддӣ расонида шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520