Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Феҳристи таърихнигорӣ оид ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Дар феҳристнома номгӯи китобу мақолаҳо, баромаду мусоҳибаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, китобҳо, мақолаҳо ва андешаҳо доир ба фаъолияти сиёсии Президенти мамлакат дар зарфи солҳои 1992-2011 ҷамъ оварда шудаанд.

Феҳрист ҳамчунин сарчашмаҳои суханрониҳои Президентро дар санаҳои муҳимтарини таърихи Тоҷикистон аз ҷумлаи ҷашни Наврӯз, Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Ваҳдат, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Модар, Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ, Иди Рамазон, Иди Қурбон ва Паёмҳои Сардори давлатро ба Маҷлиси Олӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва рӯзи зиёиёни кишвар гирд овардааст.

Феҳрист ҳамчун манбаи комили иттилоотию таҳлилӣ барои доираи фарохи хонандагон, сиёсатшиносону муаррихон, устодону шогирдони макотиби олӣ, аспирантон ва муҳаққиқони дохилу хориҷ пешбинӣ шудааст.

Мураттибон:
Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА
Нақиб МУРОДОВ
Аваз САФАРАЛИЕВ


Душанбе: Ирфон, 2011. – 200 с.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520