Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ва оғози марҳалаи созандагӣ
Китоби 3. Нашри дуюм.


(Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар солҳои 2000-2003)

Дар китоб муҳимтарин омилҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 2000-2003, ҷараёни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва такмили низоми идоракунӣ инъикос гардидаанд.

Муаллифон проблемаву мушкилоти иқтисодиву сиёсии давлатдории навини тоҷиконро дар аввали асри XXI бо далелу асноди мӯътамад зикр намуда, зербинои ҳалли онҳоро аз натиҷаи талошу заҳматҳои фидокоронаву садоқатмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо пуштибонии нерӯҳои солими ҷомеа ва фаъолияти ҳамарӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудаанд, маънидод карданд. Ин ақида бешубҳа илман асосноку ифодагари равшани воқеияти комили имрӯзи Тоҷикистон мебошад.

Китоб ҳамчун манбаи комили иттилоотию таҳлилӣ барои доираи фарохи хонандагон, сиёсатшиносону муаррихон, устодону шогирдони макотиби олӣ, аспирантон ва муҳаққиқони дохилу хориҷ пешбинӣ шудааст.


Муаллифон:
Шарифзода Абдуфаттоҳ
Фаттоев Саймурод



Душанбе: «Ирфон». - 2011. –372 саҳ.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520