Эмомалӣ Раҳмон ва соли фарҳанги оламгир
Китоби 5. Нашри дуюм.
(Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар соли 2005)
Дар китоб идомаи иқдоми наҷибонаи таҳлилӣ ва фарогирандаи омилҳои муҳимми сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2005, ҷараёни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат инъикос гардидааст.
Муаллифон кӯшиш намудаанд, то муҳимтарин рӯйдодҳо ва дастовардҳои сершумори соли 2005-ро, ки бузургтарину арзишмандтарини онҳо бори дигар ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани фарҳанги бостонию оламшумули мо тавассути гузарондани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия ва Рӯзи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО, дар Париж буд, шарҳ дода, то андозае фаъолияти яксолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳуриро натиҷагирӣ кунанд.
Китоб ҳамчун манбаи комили иттилоотию таҳлилӣ барои доираи фарохи хонандагон, сиёсатшиносону муаррихон, устодону шогирдони макотиби олӣ, аспирантон ва муҳаққиқони дохилу хориҷ пешбинӣ шудааст.
Муаллифон:
Шарифзода Абдуфаттоҳ
Қосимӣ Заробиддин
Душанбе: «Ирфон». - 2011. –372 саҳ.