Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузоштани санги асоси бинои меҳмонхона дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

10.10.2019 11:41, шаҳри Душанбе

10 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба сохтмони бинои меҳмонхонаи баландошёна оғоз бахшиданд.

Бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии меҳмонхонаи 4 ситорадор аз 22 ошёна иборат буда, аз тарафи соҳибкори ватандӯст Бахтиёр Саидов бунёд мегардад.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 150 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гашт. Бо бунёд шудани бинои меҳмонхонаи замонавӣ дар шаҳри Душанбе дар маҷмуъ беш аз 250 ҷойи корӣ таъсис меёбад.

Ҳангоми муаррифии лоиҳаи бинои баландошёнаи бисёрфунксионалӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки шумораи ҳуҷраҳои меҳмонхона 70 ададро дар бар мегирад. Дар як вақт имкон аст, ки ба 200 нафар хизмат расонида шавад.

Дар дохили бинои бисёрфунксионалӣ марказҳои савдою хизматрасонӣ, фароғатӣ, 234 ҳуҷраи корӣ, ду маҷлисгоҳ, ошхона, толори варзишӣ ва қаҳвахона сохта шуда, бунёди таваққуфгоҳи зеризаминӣ низ пешбинӣ гардидааст.

Иншооти мазкур дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовори ҷашни муқаддаси миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бунёд гардида, зимни корҳои лоиҳакашӣ тамоми инфрасохтори шаҳрсозии муосир ба назар гирифта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон барои бунёди бинои муосир дар пойтахти мамлакат изҳори сипос намуда, иқдоми мазкурро дар раванди созандагию бунёдкорӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ барои сокинон муҳим арзёбӣ карданд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои муҳташам, ки дар он марказҳои тиҷоратӣ, фарҳангию истироҳатӣ ва меҳмонхонаи замонавӣ ҷойгир мешавад, инфрасохтори сайёҳӣ дар пойтахт боз ҳам мукаммал шуда, дар самти хизматрасонии баланд ба меҳмонону сайёҳони хориҷӣ шароити арзанда фароҳам мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520