Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани бинои Ситоди отряди сохтмонӣ ва шиносоӣ бо Қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

17.10.2019 10:02, шаҳри Душанбе

17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз навсозӣ бинои Ситоди отряди сохтмониро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароитҳои қисми низомӣ шинос шуданд.

Бинои Ситоди отряди сохтмонии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ду ошёна иборат буда, дар он утоқҳои муосиру барҳаво барои кору фаъолияти ҳайати шахсӣ фароҳам оварда шудааст. Тамоми ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад.

Ҳамчунин дар бинои ситод толори барҳаво бо 240 ҷойи нишаст бунёд ёфта, барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳои гуногун имконияти муосир фароҳам оварда шудааст.

Дар ҳудуди иншоот ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии сарбозон Осорхонаи Пешвои миллат бунёд ёфтааст. Пас аз шиносоӣ бо шароити осорхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони олиқадр соядаст гузоштанд.

Ҷиҳати сайқал додани дониши сарбозону афсарон, дар дохили ситод китобхонаи муосир бунёд ёфта, бо адабиёти баландмазмун таъмин гардидааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки китобхона ба шабакаи интернет пайваст буда, сарбозон метавонанд аз китобхонаи электронӣ ба таври васеъ истифода баранд.

Президенти мамлакат дар ҳамин ҷо бо фаъолияти сехҳои истеҳсолии Отряди сохтмонӣ аз  наздик шинос шуданд ва бо сарбозон суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҳудуди қисми низомӣ панҷ сехи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ фаъолият намуда, дар доираи корҳои навсозӣ ҳамаи коргоҳҳо бо дастгоҳ ва таҷҳизоти муосири корӣ таъмин гардидаанд. Дар коргоҳҳо симтур, симхор ва дигар маҳсулоте, ки барои ҳифзи хати сарҳад зарур аст, бо сифати баланд истеҳсол карда мешавад.  Ҳамзамон дар ҳудуди Отряди сохтмонӣ истеҳсоли бомпӯшҳои тунукагӣ ва дару тирезаҳои пластикиву чӯбӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин маҳсулот барои бунёди дидбонгоҳҳо, қисмҳои низомӣ ва отрядҳои сарҳадӣ дар мамлакат истифода бурда мешавад. Сарбозон барои истифодаи таҷҳизоти мазкур аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта, малакаи хуби корӣ доранд. Пас аз анҷоми хизмати ҳарбӣ, дар баробари обутоби бадан, сарбозон ҳамчун мутахассисони соҳибмалака ба хона бар мегарданд, ки ин таҷриба бешубҳа дар ҳаёти ҳаррӯзаашон манфиати зиёд хоҳад овард.

Тамоми дастгоҳ ва таҷҳизоти корие, ки дар коргоҳҳо насб шудааст, аз хориҷи мамлакат ворид гардид.

Қобили зикр аст, ки дар қисми низомии мазкур барои хизмати ҷавонон дигар шароитҳои муосир низ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди отряд майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол ва волейбол таъмиру таҷдид шуда, барои тамринҳои пагоҳирӯзии афсарону сарбозон майдончаи варзишӣ бо дастгоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардид.

Сарбозон дар қисми низомӣ бо хӯроки серғизо, сару либоси мавсимӣ таъмин буда, хобгоҳи он аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Ҷиҳати фароғати хуби сарбозону афсарон дар дохили қисми низомӣ як гулгашти муосир бо ду суҳбаткадаи барҳаво бунёд ёфта, дар атрофи он гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз афсарону сарбозон даъват ба амал оварданд, ки масъулияти бузурги бардӯшдоштаашонро бо сари баланд иҷро намуда, барои ҳифзи марзу буми кишвари соҳибистиқлол ҳамеша ҳушёр ва далеру чолок бошанд.

Муссалам аст, ки шарту шароит дар қисмҳои низомӣ ва сатҳу сифати хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мавриди таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат қарор дошта, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин самт тадбирҳои муассир андешида шудааст. Хусусан, Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат бо дастгирии Пешвои муаззами миллат бо муосиртарин шароит ва дастгоҳҳои соҳавӣ таъмин гардида, отрядҳои сарҳадӣ ва қисмҳои низомии он пурра навсозӣ шудааст.

 

 

   

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520