Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз”

22.10.2019 11:47, шаҳри Душанбе

22 октябр дар Китобхонаи миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии “Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар кори ҳамоиши бошукуҳи илмӣ аҳли зиёи мамлакат ва меҳмонон аз кишварҳои хориҷ - иштирокчиёни симпозиуми байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Чорабиниро Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ карда, суханро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дод.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аҳли толор, меҳмонони ҳамоиши байналмилалиро аз номи мардуми меҳмоннавози Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори симпозиум барору комёбӣ орзу карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи ҳамоиш ва дар пойтахти Тоҷикистон ҷамъ овардани олимону коршиносонро нигоҳи нав ва диди тоза ба 1120 - солагии давлати Сомониён, давраи пурифтихори халқи тоҷик, баррасӣ ва арҷгузорӣ ба ин мероси бузург, яъне таъриху фарҳанги замони давлатдории Сомониён, нақши созандаи ин сулолаи ориёӣ дар рушди давлатдории тоҷикон ва дигар халқҳои минтақаву ҷаҳон аз нигоҳи принсипҳои адолати таърихиву иҷтимоӣ, фалсафӣ, фарҳангӣ ва омӯзиши анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангӣ, бахусус, мақоми шоистаи ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод - “Наврӯз”, “Меҳргон” ва “Сада” дар ташаккули тамаддуни Шарқу Ғарб, инчунин, нақши Куруши Кабир ва Борбади Марвазӣ, арзёбӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки донишмандон моҳияти фалсафию иҷтимоии ин ҷашнҳоро таҳқиқ карда, дар асоси ҷаҳонбиниву андешаҳои муосир ҷавҳари асливу инсондӯстонаи ин ойинҳоро боз ҳам равшантар месозанд.

Таъкид гардид, ки имрӯз, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ ба хотири нигаҳдошти анъанаву суннатҳои неки ниёгон ва ҳифзи истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ аҳаммияти басо муҳим касб кардааст.

Аз замони Куруш оғоз гардида, то давраи Сомониён дар санъату фарҳанг арзишҳои мондагор ба вуҷуд омадаанд. Аз ин рӯ, омӯзиши масъалаҳои консептуалии таърихи ташаккули санъат, раванди эҳёи анвои мусиқӣ, кашфи созҳои миллӣ ва таҳқиқи паҳлуҳои норавшани шахсияти Борбади Марвазӣ ва нақши ӯ дар рушди мусиқии суннатӣ аз ҷумлаи иқдомоте мебошанд, ки таҳқиқи амиқи муқоисавию таърихиро тақозо менамоянд.

Дар охири суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба кори Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” комёбиҳо орзу карданд.

Дар кори ҳамоиши байналмилалӣ баъди суханронии Пешвои миллат ҳамчунин профессор Масъуди Миршоҳӣ - раиси Анҷумани “Рӯдакӣ”-и Франсия, Мария Дрожжина - мусиқишинос, корманди Консерваторияи шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия, Ромин Фарҳангӣ - раиси Бунёди “Манучеҳри Фарҳангӣ”- и Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Ҳуммер Абрамиён - раиси фарҳангистони “Куруши Бузург”-и Австралия, профессор Ҳусейн Содиқӣ аз Швейтсария, Бобур Ҳамидов аз Ӯзбекистон ва шоир Масъуди Сипанд баромад карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520