Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова

22.06.2012 01:30, Бразилия

Имрӯз дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар доираи иштирок дар Конфронси Рио+20 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Ирина Боковаро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни сӯҳбат масъалаҳои ҳамкории пурмӯҳтавои Тоҷикистон бо ЮНЕСКО муҳокима гардиданд.

Роҳбари Тоҷикистон ба фаъолияти сохторҳои фаръию ниҳодҳо ва муассисаҳои мухталифи Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Ташкилоти он оид ба маориф, илм ва фарҳанг дар кишвари худ баҳои баланд дод.

Бахусус, Президент Эмомалӣ Раҳмон аз мусоидати Ташкилот дар роҳандозии Ҳамоиши байналмилалии иҷрокунандагони мусиқии классикии “Шашмақом”, ворид намудани санаи 1150-солагии асосгузори адабиёти форсу тоҷик Абуабдуллои Рудакӣ ба Феҳристи ҷашнҳои ЮНЕСКО, ҷудо кардани маблағҳо барои тадқиқотҳои минбаъдаи илмӣ ва таъмини ҳифзи ёдгориҳои қадимаи Тоҷикистон - шаҳраки Саразм ва Ибодатгоҳи буддоӣ дар Аҷина-Теппа ёдовар шуд.

Ҷонибҳо зикр намуданд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону ЮНЕСКО имрӯз фарогири масъалаҳои мубрами глобалӣ низ мебошанд.

Бо ибрози ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳо бо ЮНЕСКО, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон диққати ҳамсӯҳбаташро ба масъалаи ташкил кардани Экспедитсияи сеюми байналмилалии геофизикӣ ба кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши ҳолати кунунии пиряхҳо ва тамоюлҳои тағйирёбии таркиби онҳо ҷалб намуд.

Дар робита ба он, ки соли 2013 ба узвияти Тоҷикистон дар ЮНЕСКО бист сол пур мешавад, Президент Эмомалӣ Раҳмон аз Мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова даъват ба амал овард, ки дар ин сол дар вақти барояш муносиб ба Тоҷикистон сафари дӯстона анҷом диҳад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520