Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Маҷористон Янош Адер

22.06.2012 04:00, Бразилия

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иштирок дар Конфронси Рио+20 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия бо Президенти Маҷористон Янош Адер вохӯрӣ доир намуд.

Зимни сӯҳбат масъалаҳои муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Маҷористон ва дурнамои рушди он баррасӣ гардиданд.

Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Янош Адерро ба муносибати оғози иҷрои вазифаи Президенти Маҷористон муборакбод гуфт.

Президенти Тоҷикистон натиҷаҳои музокиротеро, ки дар рафти сафар ба Маҷористон бо роҳбарияти он доир гардида буданд, самаранок арзёбӣ намуда, омили муҳими тавсеаи ҳамшарикии ҳарду кишвар номид.

Ҷонибҳо перомуни ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳои ду давлат дар чунин соҳаҳои ҳаётан муҳим ба монанди тиҷорату иқтисод, фарҳангу маориф ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ тавассути бунёди заминаи мусоиди ҳуқуқиву қарордодӣ табодули назар карданд.

Президенти Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз сатҳи кунунии равобити гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Маҷористон изҳори қаноатмандӣ намуда, хоҳони талошҳои бештар дар рушди минбаъдаи онҳо шуд.

Дар фарҷоми мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Маҷористон Янош Адер даъват ба амал овард, то дар фурсати барояш муносиб ба Тоҷикистон ташриф орад. Ҷониби Маҷористон даъвати Президенти Тоҷикистонро бо мамнуният пазируфт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520