Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

30.10.2019 16:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунандаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни сӯҳбат бо кадрҳои ин ниҳодҳои давлатӣ Пешвои миллат асосан оид ба таъмини суботу амният, таҳкими волоияти қонун, мубориза алайҳи ҳамагуна ҷинояткорӣ, бахусус терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳое, ки дар шароити авзои мураккабу печидаи минтақа ба амнияту субот ва зиндагии осудаи мардум хатар доранд, таъкид намуданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Фарҳод Воҳид, ки то имрӯз ба ҳайси Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамуд, ба вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло  Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд. Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони Раёсатҳои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон, сардорони шуъбаҳои рақами 2-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Фирдавсӣ, шуъбаҳои якуму дуюм дар ноҳияи Сино ва шуъбаи дуюми Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ҳамчунин ба вазифаи сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Қубодиён, Балҷувон, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Дӯстии вилояти Хатлон, ноҳияҳои Лахш ва шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд кормандони соҳибтаҷриба, кордону болаёқат таъин гардиданд.         

Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаи Ҳукумат - рушди устувор ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ба роҳбарону масъулини сохторҳои таъминкунандаи амнияту тартибот супоришҳои машаххас дода, таъкид намуданд, ки тарбияи кадрҳои ҷавону умедбахш вазифаи асосии ҳар як роҳбар ба ҳисоб меравад.

«Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои давлату миллат, шаҳрвандон, пешгирии амалҳои номатлуб, бахусус зӯроварӣ ва ришваситонӣ аз масъалаҳоеанд, ки бояд дар ин самт муборизаро пурзӯр намуд»,-таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520