Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Мото Кониши

10.03.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Мото Кониширо ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Бонки умумиҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Таваҷҷўҳи асосӣ ба татбиқи Стратегияи кишварии шарикии Бонки умумиҷаҳонӣ бо Тоҷикистон, дастгирии кишвар баҳри коҳиш додани таъсири манфии бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва масоили сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ зоҳир гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «Стратегияи кишварии шарикии Бонки умумиҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2010-2013 бояд бо назардошти дархосту пешниҳодҳои Ҳукумати Тоҷикистон такмил дода шавад».

Гуфтугўйи судманд оид ба сохтмони нерўгоҳи Роғун, аз ҷумла доир ба омодасозии асоснокии техникӣ-иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоӣ-экологии ин лоиҳа сурат гирифт.

Мото Кониши иттилоъ дод, ки бо дархости Ҳукумати Тоҷикистон, ки се сол пеш равона гашта буд, ахиран аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ супориши техникӣ оид ба гузарондани асоcноккунии техникӣ – иқтисодии лоиҳаи сохтмони нерўгоҳи Роғун ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоӣ-экологии он омода гашт. Ба гуфти Мото Кониши, барои интихоби ширкатҳо ва мутахассисони амаликунандаи ин корҳо тақрибан 3 моҳ ва барои гузарондани асосноккунии техникӣ – иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоӣ-экологии лоиҳаи сохтмони нерўгоҳи Роғун аз 12 то 18 моҳ вақт сарф хоҳад шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд: «асосноккунии техникӣ – иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоӣ-экологии лоиҳа бояд аз ҷониби ширкатҳо ва мутахассисони эътирофшудаи ҷаҳонӣ дар сатҳи хеле баланд ва холисона анҷом дода шавад, то ки ҳеҷ гуна шакку шубҳа оид ба бехатарии нерўгоҳи Роғун боқӣ намонад».

Мото Кониши ҳамчунин таъкид дошт, ки дар сурати бо натиҷаҳои мусбӣ анҷом ёфтани асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоӣ-экологии лоиҳаи сохтмони нерўгоҳи Роғун Бонки Умумиҷаҳонӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон дар ташкил додани консорсиуми байналмилалӣ ва дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории идомаи сохтмони ин нерўгоҳ кўмак хоҳад кард.

Таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба татбиқи лоиҳаи бунёди хатти 500 киловолтаи КАСА - 1000, ки бояд аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон кашида шавад, сурат гирифт. Ба иттилои Мото Кониши асоснокии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи бунёди ин хатти интиқоли барқи баландшиддат моҳҳои август-октябри соли равон бояд омода шавад.

Таъкид гардид, ки омодасозии асоснокии техникӣ-иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоӣ-экологии лоиҳаи сохтмони нерўгоҳи Роғун ва ҳам лоиҳаи КАСА – 1000 аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ карда мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520